Боздошти модаре, ки ба қатли фарзандаш дастур додааст
Дар вилояти Алма-Атои Қазоқистон як зан ба иттиҳоми куштори писари 26-солааш муттаҳам мешавад. Ҷасади ин ҷавони қазоқ бо аломатҳои марги маҷбурӣ як моҳ пеш аз тарафи кормандони пулис ёфт шуда буд.
Тибқи иттилои расонаҳои қазоқӣ, Азат Егенов, раҳбари Шуъбаи муфаттишоти Раёсати корҳои дохилии минтақаи Илии Алма-Ато гуфтааст, ҳангоми гузаронидани корҳои тафтишотӣ муайян карда шудааст, ки ин ҷавон бо дастури модари хеш кушта мешавад. Ба гуфтаи Егенов, модари ҷавон иқрор намудааст, ки дар қатли писараш ӯ гунаҳгор мебошад.
Ин модари қазоқ гуфтааст, писараш муътод буда, тамоми моликияти онҳоро барои харидории маводи нашъаовар фурӯхта ва баъзан ӯ ва модари пирашро зери латту кӯб қарор медодааст. Мақомоти пулиси ин минтақа мегӯянд, дар қатли ҷавони қазоқ, ба иловаи модараш ду сокини маҳаллӣ низ айбдор мешаванд, ки яке аз онҳо дар пайгарди қонунӣ буда, дуюмӣ ҳоло бо ин зан дар боздоштгоҳ мебошанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |