Вазирони 12 кишвар дар Душанбе чӣ кор карданашонро баъди соли 2014-ум баҳс мекунанд
Вазирон ё худ сарони ниҳодҳои мубориза бо маводи мухаддир аз 12 кишвар дар Душанбе мубориза бо мухаддиротро баъди соли 2014-ум баррасӣ хоҳанд кард.
Тавре аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ доданд, ҳамоиш 29-уми ноябри соли равон дар Душанбе дар назар буда, дар он сарони мақомоти зиддимухаддиротӣ аз Афғонистан, Эрон, Покистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбакистон, Русия, Чин, ИМА, Туркия, инчунин намояндагони Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ барои Афғонистон ва Иттиҳоди Аврупо ширкат хоҳанд кард.
Манбаъ мегӯяд, зимни ин мулоқот ба эътидол овардани вазъ ва муқовимат бо мухаддирот баъд аз баровардани қувваҳои эътилофӣ аз Афғонистон дар соли 2014 ва додани баҳои ҳақиқӣ ба омодагии ҷонибҳо, барои қабули чораҳои зиддимухаддиротии комилан мувофиқ баррасӣ мегардад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |