Афғонистон аз Туркманистон кӯмаки башардӯстона мегирад
Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон дар мавриди ирсоли кӯмаки башардӯстона ба Афғонистон супориш додааст.
Бино ба иттилои расонаҳои Туркманистон президент зери чунин як амр дар ҷаласаи ҳукумат имзо гузоштааст. Гуфта мешавад, ин кӯмак аслан ба навоҳии бо Туркманистон ҳаммарзи Афғонистон интиқол дода шуда ва иборат аз пушок, маҳсулоти кишоварзиву қаннодӣ ва ғайра хоҳад буд.
Тибқи фармони раисиҷумҳур Вазоратҳои саноати насоҷӣ, савдо ва равобити иқтисодӣ, Иттиҳодияи давлатии саноати хурока ва ҳамчунин Иттифоқи саноатчиён ва соҳибкорони Туркманистон муваззаф шудаанд, дар ҷамъ овардани кӯмаки башардӯстона саҳм бигиранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |