Бахшҳо

Боздошти боз як “мулло”-и дигар бо иттиҳоми бачабозӣ

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти Иқбол Раҷабов, сокини 22-солаи ноҳияи Рӯдакӣ, хабар дод, ки барои дастдарозӣ ба бачаи ноболиғ муттаҳам мешавад. Мақомот мегӯянд, Раҷабов маълумоти динӣ дошта, то замони боздошташ дар масҷиди деҳаи Қулписта ба тиловат машғул буд.

“Иқбол Раҷабов тӯли 5 моҳ писарбачаи 8-соларо бо роҳи фиреб ба ҷойҳои пинҳонӣ бурда, бо истифода аз оҷизии ноболиғ нисбаташ амалҳои бадахлоқонаи дорои хусусияти шаҳвонӣ содир кардааст”,-мегӯянд мақомоти Вазорати умури дохилӣ. Ба қавли онҳо, ин амали Раҷабов баъд аз он ошкор гардид, ки модари ноболиғ аз амали гумонбаршуда огоҳ шуда, ба Шӯъбаи умури дохилии рақами 2-и ноҳияи Рӯдакӣ шикоят бурдааст.

Чанде пештар Вазорати умури дохилии Тоҷикистон як “муллои қасидахон” ё “ҷинбарор” аз ноҳияи Панҷро ба иттиҳоми куштори як мизоҷаш дастгир карда буд. Ин ниҳод мегӯяд, Абдулвоҳид Қодирови 49-сола, сокини ноҳияи Панҷ, дар қатли Руҳуллоҳи 19-сола, гирифтори бемории руҳӣ гумонбар дониста мешавад. Абдулвоҳид Қодиров аз соли 2008 то замни боздошташ ҳамчун табиби мардумӣ ё муллои қасидахон фаъолият доштааст.

Қабл аз ин, Асадулло Иброҳимов, сокини маҳаллаи Лучоби пойтахт, маъруф бо номи “муллои ҷодугар”, боздошт ва зиндон маҳкум гардид. Иброҳимов дар зӯроварии хусусияти шаҳвонидошта ва фиреби духтарон, ки гӯиё тавассути дуохонӣ соҳиби фарзанду шавҳар мегарданд, муҷрим дониста шуд.

Дар пайи афзоиши чунин гузоришҳо назарҳое садо медиҳанд, ки гӯиё ин иқдоми махсус роҳандозишудаи мақомот мебошад, ки барои коҳиши эътиқоди рӯзафзуни мардум ба руҳониён нигаронида шудааст.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Блои БОЛО
Ҳукми қатл кам аст чунин афроди бадахлоқи ҷомеаро сангсор кардан лозим.

Ку Озодагон назари мардума чоп кун, занаки лави ов чи мегар и масъалада.

Димлшод
Бовар кунед нафахмидам.
Ин чи шурест ки дар даври Камар мебинам.
Фикр мекунам накшае аст алайхи дин вабадном кардани дин

хоболуд
Озодагон хоби назарҳоро руи чоп намеори!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!

fxgvxcvcxvb
ба фикрам хардуяш дуруст аст. чунин муллохо вучуд доранд, ва макомот хам икдоми бедин кардани мардумро дорад.

ба фикрам хардуяш дуруст аст. чунин муллохо вучуд доранд ва макомот хам мехохад мардумро бедин кунад.

Огох
Ин хам як воситаи сиёх кардани дин аз суи хукумат. Хукумати мо дар ин чода тачрибаи хуберо дорост. Писархои худашон бо мошин одам мекушанд гап нею баъд кадом аблахе чиноят кард, кориву мавлави унвонаш дода, рекламаи зиддиисломи мекунанд.

Рости ман акасар инода бовар надорам зероки бсораш сохтааст! ва дигар чи дустон ки ин танхо Барои бадном кардани Мусалмонон аст! зеро дар Точикистони Азиз инсонхое хастан ки Мусалмононро бад мебинанд ба хаминхотир корашон факат аз кафои Муллохо гаштан! Мебахшед тамоми Масулони Хукумати ябор Мухочиронро дастгири кунед ки бечорахо дар азобанд дар гурбатан, Рузе нест ки аз Россия як хабари нохуше нашунавем боз нохиши дар ки? Точикода! Мурдаи чавони точик аз Россия миёранд касе парво надорад!

Бовар кунед чанд руз дар тилвизор нишон додан гуё як кудакро задан валлохи худашон дар танай гудак скочро часпонда канданд сурх шуд

Мулло мулло бофирай, Нимчамулло кофирай.

Худотарс
Бародарон, кори ин гуна муллощо ба дини мубини ислом ягон равобит надорад. Дар Точикистони мо дин озод аст. Лекин бачабозию фохишагари ба дин чи муносибат доранд.

Хонанда
Ин суду милисаи Точикистон аз расонахои Россия гузаронд-ку. Дар Россия як точик гунох кунад, тамоми расонахо ТОЧИК чиноят содир кард гуфта як хафта доира зада мегарданд. Агарчи ин точик ном дорад ва миллаташ гуфти русхо не причем. Дар Точикистон бошад, ягон кас гунох кунад, акнун менависанд, ки у мусулмон буду Куръон тиловат мекард. О магар ягон точике хаст, ки Куръон тиловат накарда бошад ва каму беш илми исломи надошта бошад?
Бас кунед ин сиёхкунии Ислому мусалмониро!

СОРБОН
ОФАРИН МУЛЛОХОИ ВАТАН БА "ПЕШ" БА СУИ ЧАХОЛАТИ АСРИ 8 !!!!!!!!!

ман ҳайрон аз ин мебошам,ки барои чи чунин сарлавҳа ё унвоне ба мақола мегузоред? Шумо ҳам коргарони озодагон ба сиёҳ кардани дину мусалмонон магар вазифадор шудаед монанди мақомоти давлатии кишварамон??? каме ҳам бошад аз Худо тарсидан хуб аст. ман албата тарафдои чунин ашхоси разилу нопок нестам вале хондани мақолагои Шуморо бо чунин сарлавҳаҳои бе хирадмандона низ хуш надорам. хоҳишмандам,ки дар ҳол номи қори,мулло,ҷодугар ва ғайраро чоп накунед то вақте,ки таҳқиқ накунед,ки оё ҳамин муҷрим дар ҳақиқат ҳамин унвонро дорад ё не.Худованд ватанамонро аз чунин нопокон пок созад,ки номи мусалмононро бад накунанд.

Dilshod
MAN QURON TILOVAT MEKUNAM ( BOYAD HAR MUSULMON TILOVAT KUNAD!!!) RAFTU AGAR BO MOSHIN 3 NAFARRO ZADA KUSHAM( XUDO NIGOH DORAD) DAR AXBOR MARO HAM NAMOISH MEDIHANDU HATMAN MEGUYAND KI TILOVATI QURON MEKARD? IN JINOYATI MAN BA DINI MUBINI ISLOM VA TILOVATI QURON CHI DAXL DORAD?

Хаким
Ман хайрони нафароне мешавам, ки ин амали зиштро гуё "бедин" сохтани мардум маънидод мекунанд. Ба фикрам хамин одамо худшон мисли хамин "мулло"-и дар нохунак хастанд. Гап дар бораи афроде меравад, ки номи дини мубини Ислома догдор кардестиян. Ба чойи махкум намудани чунин шайтонбашарахо, баъзехо аз фурсат истифода бурда Хукумата танкид кардестиян

БАРОДАРОНИ АЗИЗ БАРОИ ДАҚИҚ БУДАНИ ИН АМАЛ МАН ЧИЗЕ НАМЕГӮЯМ, ЛЕКИН ИН ОДАМ МУЛЛО НЕСТ. МАН ӮРО НАҒЗ МЕШИНОСАМ. ОХИР ҲАР НАФАРЕРО, КИ БА ЗӮР БИСМИЛЛОҲ МЕГӮЯДУ БА МАШАҚҚАТ НАМОЗАШРО АДО МЕКУНАД, МУЛЛО НАГӮЕД. ИН ДУРУСТ НЕСТ.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)