Мудири шӯъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Ҷаббор Расулов зимни гирифтани пора ба даст афтод.
Тавре ба «Озодагон» аз ВКД хабар доданд, Раҳима Қурбоноваи 52- сола, мудири шӯъбаи мазкур, ки сокини кӯчаи Нормуродов ,ҷамоати Деҳмой аст, рӯзи 1-уми августи соли равон дар утоқи кориаш аз шаҳрвандон Сайёра ва Лола Ӯрдибоеваҳо 200 доллари ИМА пора гирифт. Гуфтанист, бону Қурбонова ин маблағро барои барқарор кардани шаҳодатномаи таваллуди онҳо талаб кардааст. Айни замон далели шайъӣ гирифта шуда, тавтиши парвандаи Раҳима Қурбонова идома дорад. {jathumbnail off}
Мӯҳр