Таъсиси лагерҳои нав барои муҳоҷирон ва зиёдшавии салоҳияти ФМС-и Русия
Русия барои нигаҳдории муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар вилояти Маскав маркази вижаеро таъсис дода, тақдири онҳоро ба дасти Хадамоти федеролии муҳоҷирати худ ҳавола мекунад.
Ба иттилои расонаҳои русӣ, дар ин марказ, ки моҳи январи соли 2014 мавриди истифода қарор мегирад, шаҳрвандони хориҷии айбдоршаванда ба нақзи қавонини будубош дар қаламрави Русия, то замони ихроҷ, нигаҳдорӣ мешаванд. Маркази нигаҳдории муҳоҷирон дорои се бинои истиқоматӣ бо беш аз 600 ҷои хоб буда, дар он ошхона, бинои маъмурӣ, бундгоҳи тиббӣ ва макони сайру гашт низ пешбинӣ шудааст.
Тавре Герман Елянюшкин, муовини раиси вилояти Маскав ба хабарнигорон иттилоъ дод, тамоми чораҳо барои пешгирии фирори муҳоҷирон аз ҳудуди ин марказ андешида шуда, аз сӯи посбонҳо нигаҳдорӣ ва назорат мешавад. Ин мақоми вилояти Маскав гуфтааст, дар ин хонаи нигаҳдорӣ, ки бар ивази тақрибан 100 миллион рубли русӣ бунёд мегардад, барои муҳоҷирон тамоми шароит нисбат ба маконҳои қаблӣ фароҳам карда хоҳад шуд.
Ин дар ҳолест, ки Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия ахиран лоиҳаи қонунеро омода намуд, ки бар асоси он дар қаламрави ин кишвар бояд, 83 нуқтаи нигаҳдории муҳоҷирони ғайриқонунӣ сохта шавад ва инчунин ин ниҳод аз ҳукумат хост, теъдоди коргаронашро то 4,5 ҳазор зиёд намояд. Аз оғози соли 2014 тақдири муҳоҷирон муттамҳамшаванда ба нақзи қавонини будубош дар Русия, ба дасти Хадамоти федеролии муҳоҷирати ин кишвар вогузор мешавад. Дар ҳоле, ки то ин дам ин масъулият бардӯши Вазорати умури дохилии Русия буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |