АКС: Хайрухуши Раҳмон бо Оқилов ва изҳори эътимод ба сарвазиру вазирони нав
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 25-уми ноябр, зимни як ҷаласа сарвазир ва аъзои нави ҳукуматро барои кормандони ҳукумату Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон муаррифӣ намуд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар оғози ҷамъомад Эмомалӣ Раҳмон ба Оқил Оқилов барои хизматҳои бисёрсолааш дар вазифаҳои гуногун, хусусан дар мақоми сарвазири кишвар, арзи сипосу қадрдонӣ намуд: “Суханҳои неку қадрдонӣ, ҳамчунин нисбати собиқ муовини якуми сарвазир Матлубхон Давлатов ва муовини собиқи сарвазир Руқия Қурбонова баён карда шуд.”
Ба иттилои манбаъ Эмомалӣ Раҳмон сарвазири ба тозагӣ таъиншудаи ҷумҳурӣ, Қоҳир Расулзода, муовини якуми нави сарвазир Давлаталӣ Саидов, муовини нави сарвазир Марҳабо Ҷабборова, муовини нави сарвазир Азим Иброҳим, муовини сарвазир Муродалӣ Алимардон, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Сумангул Тағоева, вазири энергетика ва захираҳои об Усмоналӣ Усмонов, вазири саноат ва технологияҳои нав Шавкат Бобоев ва раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон Мағфират Хидироваро ба аҳли ҳукумату дастгоҳ муаррифӣ карда, изҳори боварӣ намуд, ки онҳо бо азму иродаи қавӣ, завқи баланд ва заҳмати софдилонаю содиқона тамоми донишу малака ва нерӯву тавонмандии худро ба таъмини рушду тараққиёти бемайлони Тоҷикистони азиз равона месозанд.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон нахустин маҷлиси Ҳукумати Тоҷикистон бо ҳайати нави он рӯзи 30-юми ноябри соли равон таъин карда шуд.
Ба иттилои манбаъ Эмомалӣ Раҳмон дар охири ҷамъомад дар назди ҳозирин доир ба анҷоми босифати омодагӣ ба зимистон, аз ҷумла ба кор даровардани маркази нави барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ва иншооти мавҷудаи барқу гармидиҳӣ, ба поён расондани кишти тирамоҳӣ ва иҷрои нақшаю барномаҳои дигари давлатӣ вазифаҳои мушаххас гузошт.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |