Боздиди президенти Тоҷикистон аз шаҳру навоҳии вилояти Суғд идома дорад.
Тибқи иттиллои дафтари матбуотии райисҷумҳур, субҳи имрӯз Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати шиносоӣ бо вазъи зиндагии сокинон ва анҷоми боздиди корӣ ба шимоли кишвар сафар кард. Рустои Яғноб-маҳалли нахустин аз боздиди Эмомалӣ Рахмон маҳсуб мегардад. Мавриди зикр аст, ки Яғноб қабл аз муҳоҷирати сокинонаш аз 32 деҳаи ободу зебо иборат буда, қариб 4000 нафар аҳолӣ дошт. Аз ин шумора тибқи маълумоти барӯйхатгирии соли 1970 – ум 3200 нафар ба ноҳияи Зафаробод кӯчонида шуд. Қисми дигари аҳолӣ пеш аз оғози муҳоҷиркунӣ бо аҳли хонаводаи хеш шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои Варзобу Ҳисорро ҷойи истиқомат қарор доданд.
Гуфтанист, мактабҳои хурди амалкунанда талаботи маънавии хонандагонро дар ин минтақа қонеъ карда наметавонанд ва кӯдакону наврасони баъзе деҳаҳо аз раванди таълиму тарбия берун мондаанд. Аз ин рӯ Эмомалӣ Раҳмон вазорати маориф, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, ноҳияи Айнӣ ва дигар сохтору мақомоти дахлдорро вазифадор намуд, ки бо назардошти кам будани шумораи хонандагон дар аксари деҳот ва дур будани масофаи байни деҳаҳои Яғноб дар назди мактаби таҳсилоти умумии рақами 22 – и ҷамоати деҳоти Анзоб мактаб – интернати замонавӣ бо фароҳам овардани тамоми шароити зарурии таълиму тарбия, хобгоҳ ва дигар иморатҳои ёрирасон бунёд намуда, онро дар оғози соли хониши 2012 – 2013 ба истифода супоранд.{jathumbnail off}
Мӯҳр