Сарвазири нави Тоҷикистон ба Узбакистон меравад
Қоҳир Расулзода, сарвазири навтаъини Тоҷикистон, нахустин сафари корияшро дар ин симмат ба Узбакистон анҷом хоҳад дод.
Тибқи иттилои расонаҳои узбакӣ, интизор меравад, ки Қоҳир Расулзода, сарвазири нави Тоҷикистон дар ҷаласаи сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар Тошканд иштирок кунад, ки рӯзҳои 28-29-уми ноябр дар назар аст.
Ин сафар дар ҳолест, ки миёни Тошканду Душанбе мушкилоти зиёд дар умури обу энергетика, сарҳад, нақлиёт ва ғайра ҷой доранд, ки дар аҳди сарвазирии Оқил Оқилов ҳалли худро наёфтанд.
Қоҳир Расулзода бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 23-юми ноябр, Оқил Оқилови 69-соларо,ки 14 сол боз сарвазир буд, иваз карда, сарвазири нави кишвар таъин шуд. Лозим ба ёдоварист, фармони мазкури президент ҳанӯз аз ҷониби вакилони парлумони Тоҷикистон ба тасвиб нарасидааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |