Боздошти духтари 20-сола барои дуздии 200 симкорту ноутбук
Мақомоти пулиси ноҳияи Ёвон бо иттиҳоми ғорати як дӯкони диллерӣ дар ин ноҳия, сокини 20-солаи ноҳияи Қабодиёнро дастгир кардаанд.
Тибқи иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба мақомоти пулис Шаҳнозаи Нурулло, соли таваллудаш 1991, истиқоматкунандаи ноҳияи Ёвон муроҷиат намуда, арз доштааст, ки шаби 19 ноябри соли 2013 шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди дукони дилериаш, воқеъ дар кўчаи Бозори ноҳияи Ёвон шуда, аз он ҷо 1 адад ноутбуки тамғаи «EMАCNINES» ва 200 адад симкортҳои ширкатҳои гуногуни мобилӣ, ҷамъ ба маблағи умумии 4950 сомониро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ба иттилои ин ниҳод дар пайи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ бо гумони даст доштан дар ин дуздӣ духтари 20-сола, М. С., истиқоматкунандаи ноҳияи Қабодиён дастгир ва далели шайъӣ гирифта шуд. Мақомот мегӯяд, айни ҳол тафтиши ин қазия идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |