Эмомалӣ Раҳмон сарвазири нав ва муовинони ӯро таъин кард
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 23-юми ноябр, бо судури фармон, Оқил Оқилови 69-соларо,ки 14 сол боз сарвазир буд, аз мақомаш барканор намуда, ба ҷои ӯ Қоҳир Расулзодаро сарвазири нави кишвар таъин намуд.
Тавре аз хадамоти матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ доданд, ба ҷои Қоҳир Расулзода, муваққатан Абдураҳмон Қодирӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Суғд таъин карда шуд. Абдураҳмон Қодирӣ, зодаи Хуҷанд, 60 сол дошта аз соли 2006 то 2008 вазири кишоварзӣ ва аз моҳи январи 2008 то ҳол муовини аввали раиси вилояти Хатлон буд.
Инчунин бо фармонҳои президент Муродалӣ Алимардон муовини сарвазир боқӣ монда, Ҷабборова Марҳабо Тухтасуновна ва Азим Иброҳим муовинони нави сарвазир таъин гардиданд. Ҷабборова Марҳабо то ҳол вакили парлумон ва Азим Иброҳим сардори Саридораи геологияи Тоҷикистон буд.
Баробари ин Эмомалӣ Раҳмон бо судури фармон Қурбонова Руқия Атоевнаро аз вазифаи муовини сарвазири Тоҷикистон озод намуд. Қаблан муовини аввали сарвазир Давлаталӣ Саидов таъин гардида буд.
Қоҳир Расулзода, сарвазири нави Тоҷикистон, миллаташ тоҷик, моҳи марти соли 1961 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, соли 1982 Институти кишоварзии Тоҷикистонро (ҳоло Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон) бо ихтисоси «муҳандис-гидротехник» ва соли 2008 Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро бо дипломи аъло хатм намудааст. Номзади илмҳои техникӣ.
Фаъолияти меҳнатиро ба сифати техник-санҷишгари санҷишгоҳи сохтмонии иттиҳодияи «Тоҷикирсовхозстрой» дар соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оғоз намудааст. Баъдан дар вазифаҳои муҳандиси шўъбаи истеҳсолӣ, сармуҳандис, сардори КСМ-4, сардори иттиҳодияи «Тоҷикирсовхозстрой» (шаҳри Хуҷанд) фаъолият доштааст.
Аз январи соли 2000 то декабри соли 2006 Вазири мелиоратсия ва хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Оиладор, соҳиби се фарзанд мебошад.
Бо фармони президенти Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2007 - раиси вилояти Суғд таъин гардид.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |