Ваъдаи Эмомалӣ Раҳмон ба фармондеҳи амрикоӣ
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 22-юми ноябр, дар мулоқот бо фармондеҳи нақлиётии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, генерал Вилям Фрейзер III , масоили ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсию амниятӣ, низомӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию гуманитариро баррасӣ кардааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба генерали амрикоӣ ваъда додааст, ки барои транзити молҳои кишварҳои аъзои НАТО аз Афғонистон тариқи қаламрави Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард. Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудааст, ки “ҳукумати Тоҷикистон тибқи созишномаи бо НАТО бастааш ба ин кор ҳамаҷониба мусоидат хоҳад кард”.
Генерал Вилям Фрейзер III бо ёдоварӣ аз нақши муҳими Тоҷикистон ва мавқеи стратегии ҷуғрофии он дар Осиёи Марказӣ изҳор доштааст, ки Амрико минбаъд низ рушди идораи сарҳадот ва таъмини моддию техникии нерӯҳои марзбонӣ, сохторҳои амниятӣ, қудратӣ, хадамоти гумрук ва дигар сохторҳои марбут ба таъмини амнияти минтақавиро дастгирӣ хоҳад кард.
Хадамоти матбуоти раисиҷумҳур мегӯяд, дурнамои рушди вазъият дар Афғонистон ва минтақаи атрофи он пас аз соли 2014 дар меҳвари мулоқоти Раҳмон бо генарали амрикоӣ буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |