Шаҳрвандони Туркманистон дар Душанбе вакил интихоб мекунанд

Дар ҷаласаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Туркманистон, ки ба омодагӣ ба интихоботи маҷлис ё парлумони ин кишвар ихтисос ёфт, маълумот дар мавриди натиҷаҳои пешниҳод ва сабти номзадҳо баррасӣ шуд.
Ба омори расмӣ 283 номзад расман сабти ном шудаанд. 99 тан аз Ҳизби демократӣ, 21 кас аз Ҳизби саноатчиён ва соҳибкорон, 89 номзад аз Иттиҳодияи итифоқҳои касаба, 37 кас аз Иттифоқи занҳо, 22 нафар аз созмони ба номи Махтумқулӣ, ҳамчунин 15 номзад аз гуруҳи шаҳрвандон.
“Рӯйхати номзадҳо, маълумоти иловагӣ дар мавриди онҳо бо иловаи тарҷумаи ҳолашон рӯзҳои наздик дар матбуот нашр мешавад. Бо анҷом ёфтани сабти ном маросими таблиғи номзадҳо оғоз мешавад.”,-гуфтааст КМИРТ.
Гуфта шудааст, ки ҷараёни интихоботи парлумониро нозирони миллӣ, нозирон аз САҲА ва ИДМ назорат мекунанд.
Дар рӯзи интихобот, 15 декабри соли равон тавассути намояндагии дипломатии Туркманистон дар хориҷи кишвар ҳавзаҳои интихоботӣ таъсис дода мешавад. Ба иттилои КМИР дар ин рӯз дар шаҳрҳои Ню-Йорк, Вашингтон (ИМА), Женева (Швейтсария), Пекин (Чин), Маскав, Астрахан (Русия), Эр-Риёд (Арабистони Саудӣ), Абу-Даби (АМА), Париж (Фаронса), Лондон (Бритониёи Кабир), Берлин, Франкфурт (Олмон), Деҳлии Нав (Ҳиндустон), Вена (Австрия), Брюссел (Белгия), Анқара, Истанбул (Туркия), Теҳрон, Машҳад (Эрон), Исломобод (Покистон), Бухарест (Руминия), Киев (Украина), Минск (Белорус), Кобул, Ҳирот, Мазори Шариф (Афғонистон), Остона (Қазоқистон), Боку (Озорбойҷон), Душанбе (Тоҷикистон), Ереван (Арманистон), Тошкент (Узбакистон), Куала-Лумпур (Малайзия), Токио (Ҷопон) шаҳрвандони Туркманистон имкони овоздиҳиро доранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |