Ашқобод се рӯз мешавад, дар муҳосираи низомиён аст
Шаҳри Ашқобод, пойтахти Туркманистон давоми се рӯз мешавад, дар иҳотаи низомиён қарор дорад.
Тибқи иттилои расонаҳои туркманӣ, аз рӯзи 19 ноябр ба ин сӯ, дар чаҳор даромадгоҳи шаҳри Ашқобод шумораи зиёди кормандони пулису низомиён камин гирифтаанд. Манбаъ мегӯяд, тамоми мошин ва ашхосе, ки аз пойтахти Туркманистон берун мешавад, аз сӯи кормандони қудратии туркман мавриди бозҷӯӣ ва пурсуҷӯи шадид қарор дорад.
Манобеи хабари Туркманистон ин иқдоми мақомоти худро ба қазияи таҷовуз ва куштори чанд духтари ноболиғ дар Ашқобод унвон намудаанд. Расонаҳои хабарӣ бар инанд, ки тасдиқкунандаи ин фаризаи онҳо иқдомоти худи кормандони пулис мебошад, ки ба чанд мактаби миёна ташриф оварда, аз наврасони туркман хостаанд, то дар роҳ бо афроди ношинос ҳамсуҳбат нашаванд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |