Корхонаи «Сомон- Турон Инвест» тайи шаш моҳи ахир аз хориҷи кишвар ба миқдори беш аз 7 ҳазору 720 тонна гандум ва ҳазору 608 тонна орд ба Тоҷикистон ворид кардааст.
Дар ин бора ба «Озодагон» аз вазорати энергетика ва саноат хабар доданд. Ба иттилои манбаъ корхонаи мазкур соли гузашта аз ҷумҳурии Қазоқистон 1996 тонна орд ва 9579 тонна гандум ворид намуд. Дар ин корхона истеҳсоли макарон низ роҳандозӣ гардидааст. Дар 6 моҳи ахир ба миқдори 192,9 тонна аз ин навъи маҳсулот истеҳсол кардааст. «Соли гузашта истеҳсоли макарон дар корхона 373,1 таннаро ташкил дода буд»,-афзуд манбаъ.{jathumbnail off}
Мӯҳр