Кумаки узви ҲНИТ ба бародараш бо парвандаи ҷиноӣ анҷомид

Файзиниссо Воҳидова, вакили мудофеи Зуҳур Иброҳимов, як узви Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки бо иттиҳоми узвият дар гуруҳи ҷиноӣ дар Исфара боздошт шудааст, аз поймолшавии ҳуқуқи зерҳимояаш ибрози нигаронӣ дорад.
Зуҳур Иброҳимов, сокини ноҳияи Исфара ва узви ҲНИТ, 22 октябри соли ҷорӣ бо иттиҳоми авбошӣ ба муҳлати 15 шабонарӯз ба ҳабс гирифта шуда буд. Воҳидова, мегӯяд, Иброҳимов аз замони боздошт мавриди бозпурсии кормандони кофтукови гуруҳи ҷиноии Исфара дар бораи бародараш Зайналобиддин Иброҳимов, ки дар пайгарди қонунии байналмилалӣ мебошад, қарор гирифтааст ва дар ниҳоят худи ӯ низ дар узвият дар гуруҳи ҷиноӣ муттаҳам шуда, таҳти фишор ин иттиҳомотро эътироф кардааст.
Воҳидова, ки рӯзи 22 ноябр танҳо баъд аз як моҳи боздошти зерҳимояаш тавонист, бо ӯ мулоқот кунад, дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, “зерҳимояам баъд аз боздошт ба муддати се шабонарӯз дар утоқи кории кормандони кофтукови гуруҳии ҷиноии ноҳияи Исфара нигоҳ дошта шудааст. Муфаттишон то нишондоди иқрориро нагирифтаанд, ба ӯ иҷозаи хоб рафтан надодаанд.”
Зерҳимояи Воҳидова дар мулоқот гуфтааст, “вақте се шабонарӯз хоб рафтан намонданд, сахт хаста будам ва ҳар чиро ки пешниҳод карданд, имзо гузоштам, то барои хоб рафтан иҷоза диҳанд.”
Ба гуфтаи Воҳидова, Иброҳимов Зуҳур эътироф намудааст, ки бародараш Зайналобиддин, дар замони дар кофтуков буданаш ба хонаи ӯ омадааст ва ӯ ҳамчун бародар ба ӯ ғизою либос додааст. Аммо мақомот аз Зуҳур Иброҳимов эътирофот гирифтаанд, ки ӯ узви гуруҳи ҷиноӣ ҳаст.
Дар ҳамин ҳол Файзиниссо Воҳидов таъкид мекунад, ки ният дорад, аз болои амали муфаттишон ба додситонӣ ва дигар мақомоти дахлдор шикоят барад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |