Додгоҳи И.Сомонӣ: Номи Амонулло Ҳукумов дар парванда нест

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, мегӯяд, парванда алайҳи волидони Расули Амонуллоро 20-уми ноябр дастрас кардааст ва аввалин мурофиаи ин қазия баъди 20 рӯз баргузор хоҳад шуд.
Аз додгоҳи мазкур ба “Озодагон” иттилоъ доданд, ки ин парванда барои нақзи қонун дар бораи масъулияти падару модар алайҳи модари Расули Амонулло кушода шуда, аз падари Расул, Амонулло Ҳукумов, раиси Роҳи оҳани Тоҷикистон, зикр нашудааст. Манбаъ гуфт, айни ҳол парванда мавриди омӯзиш қарор дорад.
Ин дар ҳолест, ки 19 ноябр, ВКД расман эълон кард, ки алайҳи волидони Расули Амонулло -- Амонуллои Ҳукуматулло (Ҳукумов), раиси ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон ва ҳамсари ӯ низ дар робита бо ин ҳодиса парвандаи маъмурӣ боз намудааст. ВКД гуфт, волидони Расули 16-сола барои “беэътиноӣ ва бемасъулиятӣ нишони додан дар таълиму тарбияи фарзанди ноболиғаш Расули Амонулло тибқи талаботи моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон” муттаҳам мешаванд.
“Санади мазкур барои вайрон намудани талаботи моддаи 8, сархати 17-и Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» (ба оворагардӣ ва дигар рафторҳои зиддиахлоқӣ машғул шудани фарзанд) тартиб дода шуда, тафтишоти парвандаи ҷиноятии садамаи нақлиётӣ бошад, идома дорад",-навиштааст торнамои расмии Вазорати умури дохилӣ.
Ин парванда дар пайи садамаи шаби 9 октябр, ки дар маркази шаҳри Душанбе иттифоқ уфтода, се кушта бар ҷой гузошт, ифтитоҳ шудааст. Мақомот дар лаҳзаҳои аввали ин садама Асрор Ҳукумови 22-сола, бародарзодаи раиси ширкати Роҳи оҳанро, муттаҳам эълон карданд. Аммо баъдан гуфтанд, ин садама бо иштироки Расули Амонулло, писраи 16-солаи Амонуллои Ҳукуматулло, рух додааст. Ҳоло мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, нафареро бо ному насаби Умар Шарифов ҷустуҷӯ доранд, ки зоҳиран гунаҳкори қазия ӯ будааст.
Бо ин ҳол, ин садамаи маргбор дар ҷомеаи Тоҷикистон вокунишҳои мухталифро ба бор оварад. Дар пайи эълони номи Расули 16-сола дар ин садама аксҳои мухталифи ӯ бо мошини БМВ-яш дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шуда, хабари ба Олмон фирор кардани ӯ низ паҳн гардид. Аммо Амонуллои Ҳукуматулло ин ҳамаро иттиҳоми сохтаву бофта номида ва гуфт, расонаҳо дар мавриди садамаи шаби 9 октябр ахбори беасос ва носанҷида нашр мекунанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |