Имтиҳони назариявии муҳоҷирон барои шаҳодатномаи ронандагии Русия

Муҳоҷирони кории тоҷику қирғиз дар Русия минбаъд барои гирифтани шаҳодатномаи ронандагии ин кишвар дубора имтиҳони назариявӣ месупоранд.
Аксари ин муҳоҷирон, ки дар Русия ба ҳайси ронандагони нақлиётҳои мусофирбар фаъолият доранд, дар суҳбат бо як расонаи русӣ гуфтаанд, мушкили асосии онҳо дар имтиҳон забони русӣ мебошад.
Ҷангалбек Абдуразаев, яке аз муҳоҷирони қирғиз ва ронандаи автобуси мусофирбар дар Русия мегӯяд, онҳо танҳо бо бархе аз қонунҳои маъмурии зикршуда дар саволномаи имтиҳонӣ, ки бо забони русӣ аст, мушкил доранд. Вале ба гуфтаи ин шаҳрванди Қирғизистон, аксари муҳоҷирони корӣ, ки дар Русия ба ҳайси ронанда фаъолият доранд, бо қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, аз ҷумла аломатҳои ишоратӣ хуб ошно мебошанд.
Ин дар ҳолест, ки ахиран мақомоти рус муҳоҷирони меҳнатиро аз ҳаққи ронандагӣ бо шаҳодатномаи ронандагии Тоҷикистон дар қаламрави Русия манъ намуд онҳо талаб доранд, ки муҳоҷирон дубора имтиҳони назариявӣ супорида, шаҳодатномаи ронадагии Русияро соҳиб шаванд. Ба иттилои “newstube.ru”, курсҳои кутоҳмуддат барои омодашвии муҳоҷирон ба имтиҳони дубораи қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои Русия бар ивази 20 ҳазор рубл ташкил карда шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |