Мақомот: Сокини рабудашудаи Шӯрообод зинда аст
Мақомоти пулис дар якҷоягӣ бо кормандони Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон муайян намудаанд, ки сокини рабудашудаи ноҳияи Шӯрообод зинда буда, айни ҳол дар Афғонистон қарор дорад.
Тақдири Мираҳмад, як сокини 30-солаи деҳаи Зардолуаки ин ноҳия, ки шаби 10 ба 11-уми ноябр, аз ҷониби гурӯҳи 6 нафараи афғонҳои мусаллаҳ рабуда шуда буд, то ҳол номуайян буд. Айни ҳол масъулини Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шӯрообод мегӯянд, дар якҷоягӣ бо кормандони Кумитаи амнияти миллӣ барои баргардондани ин шаҳрванди Тоҷикистон, тамоми чораҳоро андешида истодаанд.
Қаблан аз ШКД-и Шӯрообод ба «Озодагон» иттилоъ доданд, ин ҳодиса шаби 10 ба 11-уми ноябр, замоне, ки хонаводаи Мираҳамад, барои хӯрдани хӯроки шом гирди ҳам омада буданд, рух додааст. Манбаи “Озодагон” мегӯяд, аъзои хонаводаи ҷабрдида дар баёноташон навиштаанд, ки «афғонҳо омада дарро тақ-тақ заданд, кушодем, хӯрок хостанд, додем. Баъди ин писарамон, Мираҳмадро гирифтанду гуфтанд роҳро ба мо нишон диҳад. Мираҳмад тарсиду хоҳиш кард, ки ӯро сар диҳанд, вале афғонҳо ӯро бо зӯрӣ бо худ бурданд».
Ба иттилои манбаъ Мираҳмад оиладор буда, соҳиби 3 фарзанд аст ва чанде пеш аз муҳоҷирати меҳнатӣ баргаштааст. Ҳодисаи рабудани шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҷониби афғонҳо дар ноҳияи Шӯрообод бори аввал набуда, дар гузашта низ чунин ҳолатҳо зиёд рух додаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |