Тадқиқот: Тиҷорати мошин дар Тоҷикистон дар дасти кист?
Саида Қурбонова
Аз Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷ ва содиркунандаи мошинҳои сабукрав ҳамасола садҳо миллион доллар меравад, аммо мутаассифона, то ҳол касе барои истеҳсоли мошини худӣ ва ба буҷа ворид кардани чунин маблағи калон андеша накардааст.
Бозори ба буҷа зараровар?
Бо вуҷуди он ки сол то сол арзиши гумрукии воридоти мошин дар Тоҷикистон боло меравад, таваҷҷӯҳ ба савдо ва хариди мошинҳои сабукрав дар кишвар зиёд мегардад. Моҳи феврали соли равон ба Қарори Ҳукумати Тоҷикистон «Дар бораи қоидаҳои интиқоли молҳо аз ҷониби шахсони воқеӣ тавассути гумруки Тоҷикистон бо тартиби имтиёзнок ва содагардонидашуда» тағйиру иловаҳо ворид карда шуд. Яъне, то ин вақт ба расмиёти гумрукӣ воситаҳои нақлиёт ҳангоми воридот ба кишвар бо ду тартиб дароварда мешуданд: имтиёзнок ва умумӣ. Тибқи тартиби имтиёзнок, баъзе тоҷирон аз шиносномаи пайвандону ҳамсоя барои ворид кардани воситаҳои нақлиёт аз хориҷи кишвар истифода мекарданд. Вале тибқи ин тағйирот, тартиби имтиёзнок, ки то ҳол роиҷ буд, лағв гардид. Ҳамчунин моҳи июли соли равон низ арзиши боҷи гумрукӣ ба ҳар воситаи нақлиёт то 1000 доллар боло рафт, ки ин боиси нигаронии воридкунандагони мошин гаштааст.
Чунон ки Неъмат Раҳматов, муовини аввали раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар нишасти ҳисоботии шашмоҳаи соли 2013 дар ин маврид гуфт, ҳоло меъёрҳои боҷи гумрукӣ ва сатҳи боҷи андози гумрук боло бурда нашудаанд, балки сухан сари декларатсиякунонии дурусти воситаи нақлиёт меравад.
«Фарз кардем, ки арзиши гумрукӣ дар кишвари содиротӣ барои мошинҳои соли бароришашон кӯҳна 2000 доллар аст, дар бозори мо бошад, 6000 доллар. Соҳибкор имрӯз пешниҳоди нархнома мекунад, ки боҷи содироти гумрукиаш 200 доллар аст ва аз ин қотеъона пофишорӣ карда, мехоҳад, ки автомашинаашро дар ҳамин нарх ба расмият дарорад. Вақте соҳибкор мехоҳад аз супоридани андоз гурез кунад, табиист, ки аз ин буҷаи давлат зарар мебинад. Агар арзиши воситаи нақлиёт ниҳоят кам ё шубҳанок дарҷ шуда бошад, корманди гумрук ҳақ дорад, аз соҳиби мол ҳуҷҷатҳои кофӣ ва эътимоднок талаб кунад»,- қайд кард Неъмат Раҳматов.
Аммо тоҷирон мегӯянд, ки дар дигар кишварҳои пешрафта баръакс арзиши гумркуии мошинҳои кӯҳнаро боло бардошта, ба воридоти мошинҳои нав бартарӣ медиҳанд. Яъне, ин тасмим ба хотири аз нуқтаи назари экологӣ ва амнияти мардум ва коста накардани ҳусни кишвар зарур мебошад.
Ихтирои ватанӣ ҳаст, аммо истеҳсол нест
Бо вуҷуди набудани таваҷҷуҳ ва шароит, хушбахтона миёни донишҷӯёни тоҷик нафароне ҳастанд, ки ба ихтироъкорӣ даст мезананд, аммо барои дар амал ҷорӣ кардани он ҳама ихтирооти арзанда на масъулин таваҷҷуҳ мекунанду на маблағгузоре пайдо мешавад.
Аз ҷумла, соли 2011 Айёмиддини Хайриддин - донишҷӯйи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон мошине ихтироъ кард, ки бо нируи офтоб ҳаракат мекунад. Он замон Айёмиддин пайдо намудани маблағгузореро орзу дошт, то ихтирои кардаашро дастгирӣ намояд ва барои ба роҳ мондани истеҳсоли он дар Тоҷикистон кумак расонад. Вале бо гузашти се сол дигар касе андешаи маблағгузории ин ихтироъро накард.
Худи Айёмиддин сабаби ба ҷое муроҷиат накардану барои иҷозатномаи расмӣ нагирифтанашро чунин шарҳ дод: “Мо вақте мошинро сохтем дастгирӣ аз тарафи донишгоҳ шуда буд. Мошини мо дар ҳолати хуб қарор дорад, 1 солу 6 моҳ мешавад истифода бурда истодаам. Ростӣ, барои дар оянда дар амал ҷорӣ кардани истеҳсоли ин мошин, барои гирифтани иҷозатномаи расмӣ фурсат нашуд. Зеро аз пайи хатми донишгоҳу рисолаи дипломӣ будам. Ман сохтани мошинро дар лабараторияи донишгоҳ анҷом додам. Азбаски соҳаи мошинсозӣ на онқадар пешрафт кардааст, мо имрӯз имкони дастрас кардани ҳама технологияи заруриро надорем, зеро онҳо дар кишвари мо истеҳсол намешаванд. Аз ин рӯ, фақат баъзе қисмҳояшро дар корхонаи Алюминий ва текстилмаш супориш додем, дигар қисмҳое, ки дар мо сохта намешаванд, аз дигар мошинҳо истифода бурдем. Танҳо муҳаррикашро ба хориҷа супориш додем. Дар маҷмӯъ, барои сохтани “Электромобил” аз оғоз то анҷом 10 ҳазор доллар сарф шудааст. Дар ҳолати дар завод истеҳсол кардани ин гуна автомашина арзиши он 3-4 ҳазор доллар мешавад. Чун дар кишвари мо заводу корхонаи махсуси истеҳсоли қисмҳои мошин нест, супоришҳои моро ду-се маротиба нодуруст омода карданд. Аз ин рӯ, истеҳсоли мошин бо нархи гарон афтод”.
Бояд гуфт, истеҳсол ва ҳаракат намудани мошинҳое чун «Электромобил», ки тамоман муҳитро ифлос намекунанд, дар Тоҷикистони мо бо назардошти ба миён омадани проблемаҳои экологӣ, мувофиқи мақсад ва аз ҳар ҷиҳат бехатар аст.
Дар воқеъ, агар дар Тоҷикистон ҳам мисли дигар соҳаҳо ба ин самт таваҷҷуҳ зоҳир гардад, давлат ҳам рушд мекунад ва ҳам фоида мебинад. Зеро ҳамасола он қадар мошинҳое, ки ба Тоҷикистон ворид мешаванд, мисли кишвари ҳамсояи ӯзбекистон, агар истеҳсоли худӣ дар сатҳи миёна ҳам бошад, аз ин ҳам буҷаи давлат фоида мебинад ва ҳам мувофиқи ҷайби мардуми миёнаҳол хоҳад буд.
Тибқи иттилои Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, агар дар ҳафт моҳи соли 2012 ба Тоҷикистон 26 000 адад мошин ба маблағи 104 млн. доллари ИМА ворид шуда бошад, дар ҳафт моҳи соли 2013 ба маблағи 136 000 млн. доллари ИМА 34 000 автомашина вориди кишвар шудааст. Фарқ ба миқдори 8 000 адад мошин ва ба ҳисоби маблағ 32 млн. доллар зиёд мебошад. Дар маҷмӯъ, соли гузашта 51 ҳазору 88 адад воситаи нақлиёти сабукрав ба андозаи 200 млн. доллари амрикоӣ ворид шудааст.
Гурез Шарипов, сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси роҳҳои воридкунии нақлиёти сабукрав чунин иттилоъ дод: «Асосан воситаҳои нақлиёти сабукрав ба ҷумҳурӣ аз давлатҳои Литва, Латвия, Олмон, Ҷопон, Россия, Аморати муттаҳидаи Араб ва Кореяи Ҷанубӣ тариқи гузаргоҳҳои роҳи оҳан, яъне, роҳи оҳани «Регар»-и шаҳри Турсунзода ва «Нов»-и вилояти Суғд, инчунин тариқи гузаргоҳҳои автомобили назди сарҳади «Дӯстӣ»-и шаҳри Турсунзода, «Фотеҳобод», «Гулистон»-и вилояти Суғд, «Қарамиқ»-и ноҳияи Ҷиргатол ва «Панҷи поёни»-и вилояти Хатлон ворид мешаванд».
Ҳамчунин, ҳамсуҳбати мо гуфт, ки тибқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ метавонанд бидуни маҳдудият воситаи нақлиётро ба қаламрави гумрукии ҷумҳурӣ ворид намоянд.
Душанбе мошини 100 ҳазор доллара низ дорад
Дар Тоҷикистон ғайр аз калонтарин мошинбозори шаҳрҳои Душанбе ва Чкалавски вилояти Суғд, инчунин дар ҳар ноҳия, дар дохили бозори умумӣ савдои мошинҳои сабукрав низ ба роҳ монда шудааст, ки хариду фурӯши мошинҳо дар ин бозорҳо дар ҳеч куҷо ба қайд гирифта намешавад. Ба иттилоти муовини директори мошинбозори шаҳри Душанбе (воқеъ дар маҳаллаи Гипроземи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе) Ҳақдоди Сафар танҳо дар шаш моҳи аввали соли 2013 тақрибан 2700 - 2800 мошин ба савдо рафтаву зиёда аз 3700 мошин иваз шудааст. Ҳар ҳафта дар мошинбозори Душанбе, ки рӯзҳои якшанбе доир мешавад, то 200 мошин ба фурӯш меравад.
Тавре муовини директори мошинбозори шаҳри Душанбе Ҳақдоди Сафар гуфт: «Ҳар ҳафта рӯзҳои якшанбе дар мошинбозори шаҳри Душанбе то 2 ҳазор мошин ворид мешавад. Солҳои пеш ҳамагӣ то 700-800 мошин ворид мешуд. Сабаби зиёд шудани талабот ба мошин баланд шудани сатҳи зиндагии мардум аст. Ҳатто боре вақте мошини 100 ҳазор долларраро вориди бозор карданд, мушоҳида кардам, ки оё он ба фурӯш мерафта бошад ё не? Аммо дар ҳамон бори аввал вориди бозор шуданаш, онро харидорӣ карданд».
Авазалии Раҷабалӣ як харидори мошин дар суҳбат бо мо иброз дошт, ки ҳангоми хариду фурӯш дар ҳеч як мошинбозор бақайдгирӣ аз тарафи масъулин нест. «Ҳарчанд ман тоҷир нестам, ду маротиба мошин хариду фурӯш кардаам, вале касе ба қайд нагирифтааст»,- гуфт ҳамсуҳбати мо.
Дар ҳамин ҳол, Ҳақдоди Сафар - муовини директори мошинбозори Душанбе мегӯяд, ки тибқи низомномаи тасдиқкардаи Ҳукумати шаҳр, савдо дар мошинбозор озод аст: «Ҳоло тиҷорати мошин дар бозор осон аст, танҳо як шаҳодатномаи соҳибкорӣ лозим буда, бо ин ҳуҷҷат савдогар чӣ миқдор мошине, ки имкон дорад, метавонад савдо кунад. Касе ҳуқуқи дар савдои тоҷирон дахолат карданро надорад. Онҳо танҳо чекпулии бозорро, ки барои як рӯз 10 сомонӣ аст, пардохт мекунанду мошинашонро ба савдо мегузоранд».
Вагонҳои пӯшида ва кушода
Тавре аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумат маълум гашт, нақлиёти сабукрав асосан тариқи гузаргоҳҳои роҳи оҳани вилояти Суғд ворид мешаванд. Бо мақсади аз наздик ошно шудан бо ин масъала 25-уми феврал (соли 2013) озими гузаргоҳи роҳи оҳани ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд шудем. Рӯзҳои аввали ҳафта то рӯзи панҷшанбе, яъне, ду рӯз қабл аз якшанбе аллакай вагонҳо вориди Тоҷикистон мешаванд. Дар гузаргоҳи роҳи оҳани мазкур тоҷироне, ки ба хариду фурӯши мошинҳо машғул буданд, ба мо гуфтанд, ки алҳол 12-15 вагон ҳар кадоме бо теъдоди 10 мошин аз кишварҳои назди Балтика ва Кореяи Ҷанубӣ ворид шудаанд. Ба қавли ин савдогарон, тоҷироне низ ҳастанд, ки як нафар 12-15 вагон ворид мекунад.
«Мо асосан мошинҳои соли бароришашон аз 3 то 7-солро ворид мекунем ва нархашон низ аз ҳамин меъёр вобаста аст. Масалан, «Мерседес», ки аз кишварҳои назди Балтика овардем, то ворид кардану дигар хароҷоташ 8000 доллар шудааст. Мо то ин ҷо ворид мекунем баъдан савдогарони душанбегӣ аз мо гирифта пойтахт мебаранд. Онҳо он ҷо чӣ қадар бар болояш нарх мегузоранд, мо намедонем», - гуфт ҳамсуҳбатамон тоҷир Комрон Муқимов.
Ба гуфти Комрон, андози гумрукӣ ба ҳар як вагон аз 10 то 17 ҳазор долларро ташкил медиҳад. Яъне, барои вагонҳои дорои мошини 7-8 ҳазодоллара 10 ҳазор доллар, ба вагонҳое, ки мошинҳои нархашон болотар аз 10 ҳазордоллариро овардаанд, 16-17 ҳазор доллар андози гумрукӣ супорида мешавад.
Ба иттилои Хадамоти гумрук, миқдори андози гумрукии воситаи нақлиёт тибқи муқаррароти боби 42-и Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. Яъне, ҳангоми муайян кардани арзиши гумрукии мол хароҷоти зерин ба нархи муомила илова карда мешавад, ба шарте ки он қаблан дохил карда нашуда бошад: 1). Хароҷоти расонидани мол ба фурӯдгоҳ, бандар ё маҳали дигари ворид кардани он ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ( -маблағи сарфшуда барои интиқол; хароҷоти борбардорӣ, борфарорӣ, аз нав бор кардан ва аз ҷое ба ҷое кашондани мол); 2) андози бима (суғурта); 3) хароҷоти харидор.
Ҳамчунин, дар гузаргоҳи роҳи оҳан мо вагонҳои кушода ва пӯшидаро мушоҳида гардиданд. Ба гуфтаи тоҷирон, дар вагонҳои пӯшида асосан мошинҳои гаронарзиши аз 30-40 ҳазордоллара ва аз он ҳам болотар вориди кишвар мешаванд.
Тавре Комрон Муқимов гуфт: «Дар вагонҳои пӯшида бештар мошинҳои гаронарзише, ки аз автосалонҳои кишварҳои содиротӣ харидорӣ шудаанд ва ҳамчунин, мошинҳои баъди садама дар контенейрҳо ворид мешаванд. Мошинҳои ба садамаафтодаро асосан ба хотири қисмҳои эҳтиётӣ меорем».
Ба қавли ин тоҷир, сабаби нисбати давлатҳои истеҳсолкунанда арзон будани мошинҳои ба Тоҷикистон воридшаванда дар кӯҳна будани онҳо аст. «Он мошинҳое, ки дар кишварҳои содироткунанда барои соҳибонашон корношоям мешаванд, ба «стоянка»-ҳои махсус месупоранд ва воридкунандагони тоҷик аз дасти тоҷирон харида, ба кишвари мо меоваранд», -гуфт Комрон Муқимов.
Чунон ки зикраш рафт, ба Тоҷикистон мошинҳои нав низ ворид мешаванд ва онҳо нисбатан гароннарх ҳастанду танҳо дар автосалонҳо ба фурӯш гузошта мешаванд. Барои мисол, дар автосалонҳои Душанбе нархи мошин аз 20 ҳазор доллар оғоз мешавад ва масъулини ин салонҳо мегӯянд, ки бештар ин мошинҳо ба таври хусусӣ ва фармоишӣ ба Тоҷикистон ворид мегарданд.
Ба қавли менеҷери автосалони LADA, ки худро Мансур муаррифӣ кард, дар Душанбе нархи мошин дар автосалонҳо аз ҳолат, тамға, масофаи гашт, соли барориш, ҳаҷми сарфи сӯзишворӣ ва қуввати муҳаррик муайян мегардад.
Бозор ягона ҷойи хариду фурӯш нест...
Тавре аз нақли харидорони мошин маълум гардид, ғайр аз бозор хариду фурӯш ё ин ки ивази мошинҳо ба воситаи миёнаравҳо низ сурат мегирад. Шаҳрванд Авазалии Раҷабалӣ ҳангоми суҳбат чунин нақл кард: «Ман як мошини «Мерседес-200» доштам, азбаски хароҷоташ калон буд, хостам фурӯшаму мошини камхарҷтар гирам. Ҳоло ба бозор набурда, як нафар пайдо шуду як мошини «Нексия» ва ҳамчунин пули иловагӣ пешниҳод кард. Мошинро ҳангоми гирифтан, кафолати калон дод ва гуфт то 6 моҳ метавон ронд, аммо агар маъқул нашуд, пас гашта мегирад. Ҳамин тавр харидуфурӯши мо сурат гирифт ва ин миёнарав ба ивази хизматаш 200 доллар талаб кард».
Тибқи гуфтаи ҳамсуҳбатамон, мошини харидааш соли бароришаш 2002 ва истеҳоли Ӯзбекистон будааст, ки маҳз ҳамин нишондод имрӯз боиси ба фурӯш нарафтани он аст.
«Мошини истеҳсоли Ӯзбекистон онқадар хуб набудааст, чунки баъди 3 моҳ аллакай нуқси мошин пайдо шуд. Гоҳе тормозаш аз кор мебаромаду гоҳе муҳаррикаш. Барои ҳамин каме таъмираш кардаму акнун мехоҳам аз сарам соқит кунам. Вале тавре мегӯянд «мошин харидан осону фурӯхтанаш мушкил», се моҳ мешавад, ки дар фурӯш гузоштаам, вақте харидорон макони истеҳсоли онро мефаҳманд, дигар нигоҳ ҳам намекунанд», - гуфт Авазалии Раҷабалӣ.
Савдо дар мошинбозор чӣ гуна аст?
Ҳар ҳафта то 2 ҳазор мошин ба бозори шаҳри Душанбе ворид мешавад, аммо ба сифати ин мошинҳо касе ҷавоб намегӯяд. Дар мошинбозори Душанбе тоҷироне асосан ба савдо машғуланд, ки аз вилояти Суғд, аз вагонҳо мошинро ба Душанбе интиқол медиҳанд. Яъне, тоҷирони калон чандин мошинро якбора тавассути вагонҳо аз хориҷ ворид мекунанд ва савдогарони чаканафурӯш ба пойтахт ва дигар манотиқи кишвар мебаранд.
Ҳамсуҳбати дигарамон, ки аз гуфтани номаш худдорӣ кард, якчанд намуди мошини ширкати «Опел»-ро ба фурӯш гузошта буд. Аз ҷумла, ҳангоми суҳбат мошини тамғаи «Опел-астра G»-и сиёҳшиша, соли барориш 2002, муҳаррики 1,6., каробкаи автомат, 7 ҳазор доллар нарх карда, қимати ниҳоиӣ онро 6 800 доллари амрикоӣ гуфт.
«Мо мошинҳоро аз қатораҳо то ин ҷо меорем, ҳама хароҷоти роҳ ва дохили бозорро ҳисоб карда, дар болояш фоидаи хешро дар ҳачми 200 доллар низ мемонем. Ҳамин мошинро нав аз вагон овардем, 4 рӯз шуд», - иброз дошт тоҷир.
Вале дар мавриди он ки нархи аслии ин автомашина дар кишвари содироткардааш чӣ қадар аст, ҳамсуҳбатамон бо боварӣ гуфт, ки ин сирри савдо аст ва ягон тоҷир инро ошкор намекунад. Тибқи маълумотҳои интернетӣ, ин навъи автомашина дар Олмон истеҳсол шуда, нархаш аз 15 то 25 ҳазор доллар аст.
Холмаҳмад Қурбонов – раиси Иттифоқи автомобилистони Тоҷикистон иброз дошт, ки агар ҳамингуна мошинҳо бо нархи дастрас ворид нашаванд, мардум мошинҳои гарону навро ҳаргиз харидорӣ наметавонанд.
«Имрӯз ба кишвари мо он мошинҳое ворид мешаванд, ки асосан дучори садама гардидаанд. Чунин мошинҳоро дубора рангу бор карда, симои зоҳириашро оро медиҳанд, аммо онҳо аз дохил қариб ки корношояманд. Мутаассифона, ҷавонони мо ҳангоми хариди мошин қаблан ва баъдан ҳам назди усто намераванд ва ҳамин фарсудагии мошинҳо боиси ҳодисаҳои нохуш мегардад», - гуфт ҳамсуҳбатамон.
Интиқоли мошин аз Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамсоя
Ҳарчанд Тоҷикистон кишвари истеҳсолкунандаи мошин нест, вале тавассуташ мошин содир мешавад. Ба иттилои Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои қаблӣ аксар маврид мошинҳоро аз Тоҷикистон харида ба Қазоқистон мебурданд. Масалан, соли гузашта тамоми мошинҳои тамғаи «Тайота камри»-ро тоҷирони қазоқ аз бозорҳои Тоҷикистон харида ба кишвари худ бурда буданд. Аммо имсол тавассути Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамсоя қариб ки мошин содирот нашудааст.
Ҳангоми сафар ба Ҷумҳурии Қазоқистон аз суҳбат бо ронандагону тоҷирони мошин маълум гардид, ки сабаби тариқи Тоҷикистон ба кишварашон ворид кардани мошин дар он мебошад, ки андози гумрукӣ барои воридот арзонтар ва ҳам роҳ кӯтоҳтар аст. Ба гуфти тоҷирон, масалан, дар шаҳри Алмато ду-се сол пеш чун боҷи гумрукии содироти мошин аз тариқи Тоҷикистон арзон буд, тоҷирони қазоқ аз кишварҳои назди Балтикаву Корея ба кишварашон мошин ворид мекарданд. Аммо ҳоло асосан аз Дубай ва Америка танҳо мошинҳои нав ба Қазоқистон ворид мешаванд.
«Дар Қазоқистон талабот асосан ба тамғаи «Тайота Камри» ва «Лексус» бештар аст. Аз ин рӯ, бештар ин навъи мошинро ворид мекардем. Аммо соли ҷорӣ якбора хироҷи гумрукии моро баланд бардоштанд. Масалан, барои як мошини тамғаи «Тайота-Камри», ки дар Америка 10 ҳазор доллар меистад, андози гумрукиаш дар Қазоқистон 25 ҳазор доллар шуд. Барои ҳамин тиҷорати мошин дар мо чандон фоидаовар нест. Дар мошинбозор бошад, аз ҳама мошини арзонтарин «Ауди», ки соли бароришаш 1990, бо нархи 5 ҳазор доллар фурӯхта мешавад», - гуфт Магамед Азимбеков.
Вазъи соҳа дар Ҷумҳурии Қирғизистон ба мисли Тоҷикистон аст. Ба иттилои журналист Айзура Батиралиева тиҷорати мошин дар Қирғизистон ҳам манфиатовар ва ҳам хатарнок мебошад. Тибқи маълумоти омории Ҷумҳурии Қирғизистон, нисбати панҷ соли охир теъдоди мошинҳои сабукрав то 1,3 баробар афзудааст. Айзура аз мошинбозори Қирғизистон дидан карда, ба мо чунин маълумот дод: «Шумораи зиёди автомобилҳо асосан истеҳсоли Аврупо, Ҷопон ва Корея буда, тибқи маълумоти Хадамоти гумруки Қирғизистон, 74%-ро ташкил медиҳанд ва 26% -и дигар мошинҳои ба фурӯш гузошташуда истеҳсоли кишварҳои ИДМ мебошанд.
Дар мошинбозори Бишкек, ки асосан рӯзҳои шанбе ва якшанбе доир мешавад, тамғаи дилхоҳи мошинҳоро, аз қабили автомили кӯҳнаи Голф, бо нархи 2,5 ҳазор доллар то Лексус – бо нархи 40 ҳазор доллар пайдо кардан мумкин аст».
Қаблан аз Тоҷикистон ба Қирғизистон асосан мошинҳои сабукрави чамбаракашон аз тарафи рост содирот мешуд, аммо баъдан манъи воридоти ин навъи мошин ба қаламрави Тоҷикистон имкон намедиҳад, ки тоҷирони қирғиз тариқи ҳамсоякишвар мошин ворид кунанд. Азамат Бешимов ном тоҷир, ба Айзура иброз доштааст, ки аз Тоҷикистон як муддат мошинҳои чамбаракашон аз тарафи ростро тариқи роҳи оҳан ба Қирғизистон ворид мекардааст, аммо ҳоло дигар ин имконро надорад.
«Дар Тоҷикистон мошинҳои ростчамбарак нисбати Қирғизистон арзон буд ва онҳоро мо ба кишвари худ ворид мекардем. Мутаассифона, ин кор дер давом накард, чун дар Тоҷикистон воридоти мошинҳои ростчамбарак манъ шуд ва ҳоло тиҷорати ин намуд автомашинаҳо қатъ шудааст», - гуфт Азамат.
Дар Қирғизистон мошинҳои тамғаи Тойота ва Мерседес, ки нархашон аз 6 то 9 ҳазор доллар аст, бештар маъруфу дастрас мебошанд. Интиқолдиҳандаи мошинҳо Алмаз Батиралиев ба Айзура гуфтааст, ки сафи дӯстдорони мошинҳои сабукрав дар Қирғизистон торафт меафзоянд, аммо тиҷорати мошин дар кишвар хеле мушкил ва таваккалӣ аст. Зеро барои ба Қирғизистон мошин овардан аз Аврупо роҳи дуру дарозро паси сар бояд кард: «Дар тобистони гарму зимистони сард 6-8 рӯз дар роҳ хеле душвор аст. Баъзан дар гумрук чанд шабонарӯз манъ мекунанд. Баъди гумрук, боз дар бозор мушкили дигар интизор аст. Моҳҳо харидор мекобам. Барои ҳамин ман дар як сол ду маротиба мошин ворид мекунам», - гуфт Алмаз.
Тиҷорати мошин дар ҳамсоякишвари Афғонистон низ аз мо фарқияте надорад. Тибқи маълумотҳои ҳамкори афғонамон Масъуд Аҳмадӣ, Афғонистон яке аз кишварҳои бузургест, ки автомобилҳои бозмондаи кӯҳнаро ворид мекунанд. Ва як сабаби ин таваҷҷуҳи худи афғонҳо ба мошинҳои соли бароришашон кӯҳна будааст.
Рашид Ҷалол – тоҷири мошин, ки 10 сол ин ҷониб ба ин кор машғул аст, мегӯяд Афғонистон имконияте надорад, ки худ автомобил истеҳсол кунад, аз ин рӯ аксаран мошинҳои Toyota Corolla, Suzuki, Surf, Hilux, истеҳсоли Олмон ва Канада, ки харидори бештар доранд, вориди кишвар мешаванд. Дар Афғонистон нархи мошин аз 3 то 60 ҳазор доллари амрикоӣ аст.
Ба қавли ин тоҷир, бинобар баланд будани боҷи гумрукӣ онҳо наметавонанд тариқи Тоҷикистон ба кишварашон мошин интиқол диҳанд.
«Солҳои охир дар дар Афғонистон аз сабаби баланд будани барасмиятдарорӣ ва мушкил будани воридоти мошин дар гумрук, бисёриҳо аз ин тиҷорат даст кашиданд. Зеро пештар агар андози гумрукӣ 30% буд, ба он хотир ки автомобилҳои соли бароришаон аз 2000-ум боло ворид гарданд, ҳоло он ба 45% боло бурда шудааст»,- гуфт Рашид Ҷалол.
Барои андеша
Тавре аз маълумотҳои болоӣ бармеояд, фақат дар ҳафт моҳ ба маблағи 136 000 млн. доллари ИМА автомашина вориди кишвар шудааст. Ин рақам аз он ҷиҳат нишондиҳандаи дақиқ нест, ба гуфти масъулини Хадамоти гумрук, ҳангоми ворид кардан нархи аслии мошинҳо пинҳон нигоҳ дошта мешавад. Ин ҳолат бар зарари буҷаи давлат аст, албатта. Агар то охири сол боз ба ҳамин миқдор маблағи дигар мошин ворид шавад ва ҷамъи ҳамасола чӣ миқдор маблағ аз кишвар ба хориҷ меравад?
“Агар ҳукумат бо кӯмаки соҳибкорон барои корхонаи истеҳсоли мошинҳои сабукрав маблағ ҷудо кунад, дар баробари пайдо шудани ҷойҳои корӣ маблағи ҳангуфте ба буҷаи давлат ворид мешавад. Роҳи дигар, намояндагии ду-се ширкати автомобилбарорро ба ҳамкорӣ даъват намудану дар Тоҷикистон истеҳсоли сабукравҳоро ба роҳ мондан аст”, – гуфт савдогаре дар мошинбозори пойтахт.
(Матлаб дар доираи лоиҳаи SCOOP (www.i-scoop.org) омода ва нашр шудааст)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |