Ҳушдори Убайдуллоев аз “хайрухуш” бо Хайруллоев ва 4 раиси ноҳия

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе, аз рафти танзими нигаҳдории чорво дар пойтахт норозӣ, монда, ҳушдор додааст, агар масъалаи берун кардани асп, хар, уштур, хук ва дигар чорвои хурду калон аз пойтахт ҳал нашавад, муовини якуми раиси Душанбе ва раисони чор ноҳия метавонанд аз мақомашон барканор шаванд.
Убайдуллоев ин нуктаро зимни ҷаласаи Маҷлиси вакилони халқии Душанбе таъкид намуда, қарор кардааст, дар ҳолати то 1 январи соли 2014 бартараф нашудани нигоҳдории ҳайвонот дар ҳудуди Душанбе, дар мавриди фаъолияти минбаъдаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Хайруллоев Насрулло, раисони ноҳияҳои Сино – Сафаров З.А., Исмоили Сомонӣ – Қурбонов А.Ҷ., Шоҳмансур – Бобоев С.Қ., Фирдавсӣ – Алиев С.А. дар вазифаҳои ишғолнамудаашон тасмими дахлдор қабул карда мешавад.
Тибқи иттилои шаҳрдорӣ, зимни ҷаласаи маҷлиси вакилони халқи Душанбе қайд шудааст, ки сохтмони нуқтаҳои махсусгардонидашудаи парвариш, нигоҳдошт ва забҳи чорво дар минтақаҳои ҳамсарҳади ноҳияҳои шаҳр то ҳол оғоз наёфтаанд: “То ҳанўз ҳолатҳои рондани чорвои майдаи шахсию ҷамъиятӣ аз чарогоҳҳои зимистона ба тобистона ва баръакс аз қисмати маҳаллаҳои шаҳри Душанбе мушоҳида мегарданд.”
Дар ҳамин ҳол Убайдуллоев ба масъулини пойтахт дастур додааст, давоми 10 рўз теъдоди чорвои калону майдаро дар Душанбе дақиқ карда, рўйхати оилаҳои камбизоат ва эҳтиёҷманд, ки бо нигоҳдорию парвариши чорво машғул мебошанд таҳия созанд. Раиси Душанбе таъкид намудааст, ки нигоҳдорию парвариши ҳайвонот бояд дар Душанбе пурра бартараф шавад, аммо дар ин миён дастгирии молиявии оилаҳои камбизоат бо ҷалби эҳсонкорон таъмин гардад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |