Шариф Саид ва муовинони ӯ курсиҳояшонро ҳифз карданд
Шариф Саид, раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, зимни ҷаласаи аъзои палата дар Кохи Ҷомӣ аз фаъолияти 5-солаи ин созмон гузориш дода, ҳозиринро муътақид сохтааст, ки ниҳоди зертобеяш тайи солҳои 2008-2013 барои густариши муносибатҳои тиҷоратӣ бо кишварҳои хориҷ ва рушди дохилӣ мусоидат кардааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти ПССТ, зимни ҷаласа, ки бо ҳузури қариб 500 нафар намояндагони бонкҳо, корхонаҳо, иттиҳодия, асосиатсияҳо ва намояндагони кишварҳои хориҷӣ сурат гирифт, ба фаъолияти Палатаи савдою саноат дар аҳди роҳбарии Шариф Саид баҳои баланд дода шуд.
Ин аст, ки ба иттилои манбаъ, зимни интихоби раиси нави палата барои 5 соли оянда, ҳамаи аъзоён аз Шариф Саид ҳимоят кардаанд. Асаналӣ Карамалиев ва Лариса Кислякова низ, ки то ҳол муовинони раиси Палатаи савдо ва саноат буданд, курсиҳояшонро ҳифз карда, дубора ба ин симмат интихоб шудаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |