Кабирӣ дар интизори раҳбари зиндони Хуҷанд...

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) ва вакили парлумон, ки хостори мулоқот бо бархе аз маҳбусони зиндони Хуҷанд, аз ҷумла Садриддин Тошев ва Сунатулло Ризоев шудааст, то ҳол наметавонад, роҳбари ин зиндонро пайдо кунад.
Ин намояндаи мардумии тоҷик дар садри як ҳайат аз ҲНИТ бо ҳадафи шиносоӣ бо қазияи Умедҷон Тоҷиев, узви ин ҳизб, ки ба ташкили иттиҳоди ҷиноӣ муттаҳам мешавад, дар доираи як сафари расмӣ дар вилояти Суғд қарор дорад.
Файзинисо Воҳидова, ҳуқуқшиноси тоҷик, ки дар ин сафар раиси ҲНИТ-ро ҳамроҳӣ мекунад, рӯзи 22 ноябр дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, тибқи тавофуқ бо масъулини маҳбаси Хуҷанд, онҳо бояд тақрибан соатҳои 9 барои мулоқот бо бархе аз маҳбусон вориди зиндон мешуданд: “Аммо то омадани Кабирӣ, раҳбари зиндон бо баҳонаи беморӣ аз ҷои кораш рафтааст. Бе иҷозаи раҳбари зиндон Кабирӣ наметавонад, бо маҳбусон мулоқот кунад.”
Ба гуфтаи хонум Воҳидова, Муҳиддин Кабирӣ мехост, дар баробари дидор бо Умедҷон Тоҷиев ва Зуҳур Иброҳимов, ду узви боздоштшудаи ҲНИТ бо Садриддин Тошев ва Сунатулло Ризоев низ мулоқот намояд.
Ин дар ҳолест, ки ин ҳуқушиноси тоҷик мегӯяд, қарор буд, раҳбари ҲНИТ бо маҳбусон рӯзи 21 ноябр вохурад. Вале ба хотири ҳузур надоштани раҳбари зиндони шаҳри Хуҷанд ин мулоқот ба имрӯз, 22 ноябр, ба таъхир андохта шуд. Воҳидова бар ин аст, ки масъулини зиндон махсусан худро канора мегиранд,то Кабирӣ натавонад бо маҳбусон мулоқот кунад.
Умедҷон Тоҷиев, ки ҳоло барои ташкили иттиҳоди ҷиноӣ муттаҳам мешаваду дар боздоштгоҳи муваққати Хуҷанд нигаҳдорӣ мегардад, рӯзи 30 октябр аз сӯи маъмурони пулис ба ҷурми “ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ” боздошт шуда буд. Вай рӯзи 2 ноябр бо ҷароҳатҳои вазнин ба бемористони Исфара интиқол ёфт ва мақомот дар шарҳи ин ҳодиса гуфтанд, ки Умедҷон Тоҷиев худро аз ошёнаи севуми бинои Идораи пулис ба зер афканда, талош кард, аз боздошт фирор кунад.
Моро ҳамроҳӣ кунед: Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK) Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |