Трактор ба чуқурии 18 метр сарозер шуд ва ронандаи он ба ҳалокат расид. Ин ҳодиса дар ноҳияи Тоҷикибод ба вуқӯъ пайваст.
Тибқи иттилои ВКД рӯзи гузашта Маҳмадалӣ Сайбурҳонови 37-сола, ки трактори тамғаи «ЮИЗ-6 АЛ»-ро таҳти идора доштааст, ҳангоми кашонидани алаф аз мавзеи Кабудҷар онро аз ҷарии баландиаш 18 метр чаппа мекунад. Дар натиҷа Маҳмадалӣ Сайбурҳонов ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад. Ба иттилои манбаъ худи ҳамон рӯз ҳодисаи дигари нохуш дар ноҳияи Рашт рух додааст. Нилуфари Шералӣ, сокини 14-солаи деҳаи Шулеи ноҳия аснои бозӣ кардан болои оғилхонаашон ба дарзаи алаф лағжида, ресмони дар гарданаш буда ӯро буғӣ кардааст. Бар асари ин ҳодиса Нилуфар ба ҳалокат мерасад. {jathumbnail off}
Мӯҳр