Исми сермуздтарин овозхонҳои сайёра эълон шуд
Мадонна бо 125 миллион доллар даромад дар соли 2013 сермуздтарин овозхони ҷаҳон шинохта шуд.
Маҷалаи Forbes ахиран феҳрасти сароянда ва мутрибони сермуздро нашр кард. Дар мақоми дуюм бо 80 миллион доллар Леди Гага ва дар ҷои сеюм бо 79 миллион доллар Bon Jovi қарор доранд. Ба иттилои Forbes Леди Гага шонси дар садри ин рӯйхат нишастанро дошт, агар бо далели захм хӯрдани пояш силсилаконсертҳояш дар оғози сол анҷом мешуд.
Ба даҳгонаи сермуздтарин овозхонҳои соли 2013-и маҷалла ҳамчунин Тоби Кит (65 миллион доллар), Coldplay (64), Ҷастин Бибер (58), Тейлор Свифт (55), Элтон Ҷон (54), Бейонсе (53) ва Кенни Чесни (53) низ шомил шудаанд.
Моро ҳамроҳӣ кунед: Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK) Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |