Шикояти Гулнора Каримова аз модару хоҳараш - Лола
Гулнора Каримова, духтари бузурги Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон, ки ахиран аз муносибатҳои сарди ӯ бо падараш зиёд хабарҳо интишор мегашт, аз модараш ҳам шиква кардааст. Ӯ рӯзи 21 ноябр бо нашри изҳороти дуру дароз ва муфассал дар саҳифаи “Твиттер”-аш модару хоҳарашро дар он муттаҳам мекунад, ки аз пешрафтҳои ӯ хушнуд набуда, рафторашро қабул намекунанд.
Изҳороти ӯ ҳамагӣ чанд соат пештар аз нопайдо шудани саҳифаи Твиттераш дар шабакаи ҷаҳонии Интернет чоп шуд. Ҳоло ин номаи Каримова дар саҳифаи Узнюс дастрас аст. Гулнора Каримова мегӯяд, муддаҳост, барои якрав будану ҳимоят аз одамони эҷодкор ва соҳибистеъдод мавриди накӯҳиши наздикон қарор дошт. Вай навиштааст, “вақте ту дар эҳсосотӣ, иштибоҳ мекунӣ. Ман хеле барвақт мехостам инро ба модарам бигӯям, ки ваъда карда буд, агар ба кораш дахолат кунам, ман ва ҳар чизе ки марбут ба ман аст, нобуд месозад.”
Духтари бузурги Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон, дар изҳороти худ модару хоҳарашро барои аз худ кардани тиҷорату чанд ширкати хусусӣ, аз ҷумла бозори “Абу Сахӣ” ва додугирифти пинҳонӣ бо Туркияву Чин муттаҳам намудааст. Вай дар идома дар бораи холабачааш Акбар Абдуллоев низ сухан гуфтааст, ҳоло дар зиндон нигаҳдорӣ мешавад. Гулнора гуфтааст, Акбар ба тиҷорати модару хоҳараш кумак мекард ва вақте бо хоҳиши холабачааш хостааст ӯро ба назди Ислом Каримов бубарад, модараш ӯро ба зиндон андохтааст.
Ба иддаои Гулнора Акбар кори 25 иншооти тиҷоративу иҷтимоиро дар Узбакистон назорат мекардааст, ки фоидаи онро модару хоҳараш – Лола мегирифтаанд. Вай навишта, ки аз модараш хост, то Акбар зиндонӣ нашавад, аммо натиҷа надод. “Акбар ҳоло мисли бомбаест, ки бо мурури вақт метаркад, чунки дар бораи корҳои сиёҳи модарам иттилои хеле зиёд дорад”,-илова кардааст Каримова.
Духтари бузурги раисиҷумҳури Узбакистон тамоми мушкилоте, ки ҳоло дорад, аз модари худ дида ва навиштааст, “ӯ ҳамон ваъдаашро иҷро мекунад. Аммо, мутаассифона, аз ин баҳсҳои афроди наздик одамони зиёде ранҷ мебаранд.”
Гулнора Каримова духтари калонии Ислом Каримов, президенти Узбакистон аст. Гулнораро дар чанд соли қабл вориси аслии курсии падар медонистанд. Аммо чанд вақти ахир дар мавриди сардӣ миёни ӯ ва падараш сару садоҳои зиёде ҳаст. Ҳатто гуфта шуд, Ислом Каримов Гулнораро задааст. Ҳоло чаҳор шабакаи телевизионии марбут ба ӯ аз фаъолият боз монда, бархе аз ширкатҳои вобаста ба духтари раисиҷумҳури Узбакистон мавриди бозҷӯии мақомоти қудратии узбак қарор гирифтанд. Хонум Каримова ин овозаҳоро таъйид ва иқдоми мақомоти қудрати кишварашро ғайриқонунӣ унвон карда буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |