Духтари президент хабари боздошт шуданашро рад кард
Гулнора Каримова, духтари раисиҷумҳури Узбакистон хабари боздошт шуданаш аз сӯи кормандони Раёсати корҳои дохилии шаҳри Тошкандро такзиб кард.
Хонум Каримова дар саҳифаи шахсияш дар Twitter гуфтааст, ки ӯ ба Раёсати корҳои дохилии Тошканд ба хотири муайян намудани макони ҷавонони фаъоле рафтааст, ки таҳти ҳимояташ қарор доранду беному нишон гаштаанд.
Ба гуфтаи Каримова, ахиран зиёда аз 10 ҷавони фаъоли узбак дар шаҳри Тошканд, ки таҳти ҳимояти ӯ қарор доштаанд, аз сӯи афроди ношинос рабуда шудаанд. Ин дар ҳолест, ки расонаҳои хабарӣ ахиран аз боздошт ва интиқоли духтари раисиҷумҳури Узбакистон ба боздоштгоҳи Раёсати корҳои дохилии шаҳри Тошканд хабар дода буданд.
Манобеи хабарӣ гуфтанд, хонум Каримова дар саҳифаи “Twitter”-и худ навиштааст, ки ҳоло дар бинои корҳои дохилӣ қарор дорад. Аммо ин ташрифи худро шарҳ надодааст. Сару садоҳо атрофи хонум Каримова дар ҳолест, ки ахиран фишор болои ӯ аз ҷониби мақомоти интизомии узбак афзоиш ёфтааст. Инчунин яку якбора чаҳор шабакаи телевизионӣ марбут ба ӯ аз фаъолият боз монда, бархе аз ширкатҳои вобаста ба духтари раисиҷумҳури Узбакистон мавриди бозҷӯии мақомоти қудратии узбак қарор гирифтанд. Хонум Каримова низ ин овозаҳоро таъйид ва иқдоми мақомоти қудрати кишварашро ғайриқонунӣ унвон карда буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |