Нигаронии вакилон аз қарзгириҳои ҳукумат

Парлумони Қирғизистон дар ҷаласаи рӯзи 21 ноябри худ масъалаи ба тасвиб расонидани шартномаи ба имзорасида миёни ҳукумати ин кишвар ва Ассосиатсияи байналмилалии рушдро баррасӣ намуд.
Мирлан Байгончоков, муовини вазири молияи Қирғизистон мегӯяд, миёни ҳукумати ин кишвар ва Ассосиатсияи байналмилалии рушд барои гирифтани қарз ба маблағи 20 миллион доллар дар моҳи сентбри соли ҷорӣ шартнома ба имзо расида буд.
Байгончоков гуфт, ин маблағе, ки бар асоси шартномаи дуҷониба ба ҳукумати Қирғизистон дода мешавад, 13,7 миллионаш қарз буда, боқӣ ҳамчун грант тақдим хоҳад шуд. Ин мақоми қирғиз мегӯяд, маблағи мазкур ба хотири рушди соҳаи тандурустӣ, маориф, энергетика ва сармоягузории бархе аз иншооти сохтмонии Қирғизистон гирифта мешавад.
Ин дар ҳолест, ки бархе аз вакилони парлумони Қирғизистон ба қарзгири ҳукумати кишварашон норозигӣ баён карда, хостаанд, ки ба ин раванд хотима бахшида шавад. Исмоил Исоқов, намояндаи мардумии қирғиз гуфтааст, ҳукумат бояд, ба ҷои қарз гирифтану онро ба чорабиниҳои фарҳангӣ масраф намудан, ҳаҷми қарзи хориҷии кишварро поин барад: “То кай ин қарзгирӣ давом мекунад, дар ҳоле ки қарзи хориҷии мо хеле зиёд шудааст.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |