Қосим Қосимов монд. Вазифаҳои нави Тағоева, Усмонов ва Орумбеков

Рӯзи 21 ноябр бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, Маҳмадамин Маҳмадаминов -- вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ ва Мирзошоҳрух Асрорӣ -- вазири фарҳанг аз мақомҳояшон барканор шудаанд.
Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, бо фармони президент Сумангул Тағоева, ки то ҳол ба ҳайси раиси Кумитаи занон ва оила кор мекард, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ таъин гардидааст. Ба иттилои манбаъ, Усмоналӣ Усмонов вазири энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон таъин шудааст, ки то ҳол вазифаи Директори иҷроияи Муассисаи давлатии “Маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроэнергетика”-ро ишғол карда буд.
Эмомалӣ Раҳмон вазири нави фарҳанги Тоҷикистонро Шамсиддин Орумбеков таъин намудааст. Оқои Орумбеков то ҳол мушовири президенти Тоҷикистон оид ба сиёсати кадрҳо будааст. Раҳмат Бобокалонов низ аз вазифаи вазири мелиоратсия ва захираҳои оби Тоҷикистон барканор шудааст, чун тибқи таҷдиди ахири сохтори ҳукумат ин вазорат умуман барҳам дода шуд.
Дар ҳамин ҳол, Нусратулло Салимов, вазири тандурустӣ, Рустам Менглиев, вазири адлия ва Қосим Қосимов, вазири кишоварзии Тоҷикистон ин мақомҳояшонро дар ҳукумати нави Эмомалӣ Раҳмон ҳифз карда, дубора ба вазифаҳои худ таъин гардидаанд. Хадамоти матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, фармонҳои дахлдори Эмомалӣ Раҳмон барои тасдиқ ба парлумони кишвар пешниҳод гардиданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |