Бозпурсии сокини Чоркӯҳ барои меҳмондории Кабирӣ
Субҳи 21 ноябри соли ҷорӣ маъмурони пулис, намояндагони Барқи тоҷик ва Раёсати танзими ҷашну маросими шаҳри Исфара якҷоя бо имоми масҷиди деҳаи Чоркӯҳ ба манзили як сокини ҳамин ноҳия рафта, ӯро барои мизбонии ҳайати кории Ҳизби наҳзати исломӣ бозпурсӣ кардаанд.
Ин ҳайат ба раҳбарии Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ ва вакили Маҷлиси Намояндагон, рӯзи 20 ноябр бо ҳадафи шиносоӣ бо қазияи Умедҷон Тоҷиев, узви ин ҳизб, ки ба ташкили иттиҳоди ҷиноӣ муттаҳам мешавад, ба Суғд рафта буд.
Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, узви Шӯрои сиёсии ҲНИТ, мавриди бозпурсӣ қарор додани нафареро, ки аз ҳайати ҳизби онҳо меҳмондорӣ кардааст, фишори мақомот арзёбӣ намудааст. Вай гуфта, ки дар сафарҳои қаблӣ низ барои мулоқоти Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ ва вакили парлумон бо фаъолони ҳизбаш мақомоти маҳалии кишвар монеа эҷод мекарданд.
Ба қавли Сайфуллозода, Муҳиддин Кабирӣ чунин амалкарди мақомот дар Чоркӯҳро ба раиси ҳукумати шаҳри Исфара расондааст. Умедҷон Тоҷиев, ки ҳоло барои ташкили иттиҳоди ҷиноӣ муттаҳам мешаваду дар боздоштгоҳи муваққати Хуҷанд нигаҳдорӣ мегардад, рӯзи 30 октябр аз сӯи маъмурони пулис ба ҷурми “ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ” боздошт шуда буд. Вай рӯзи 2 ноябр бо ҷароҳатҳои вазнин ба бемористони Исфара интиқол ёфт ва мақомот дар шарҳи ин ҳодиса гуфтанд, ки Умедҷон Тоҷиев худро аз ошёнаи севуми бинои Идораи пулис ба зер афканда, талош кард, аз боздошт фирор кунад.
Дар пайи ин, Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз барканории чанд тан аз кормандони пулиси Исфара хабар дод. Масъулон ин ниҳод гуфтанд, бемасъулияти ин афрод сабаб шудааст, ки Тоҷиев худро аз тирезаи Шӯъбаи корҳои дохилӣ ба зер афканда маҷруҳ кунад.
Юсуф Дониёров, вакили мудофеи Умедҷон Тоҷиев, танҳо пас аз 11 рӯзи боздошташ, 13 ноябр, тавонист бо ӯ дидор кунад. Оқои Дониёров дар сӯҳбат бо хабарнигори “Озодагон” аз вазъи нафари таҳти ҳимояташ изҳори нигаронӣ карда буд. Ин вакили мудофеъ гуфта буд, Умедҷон Тоҷиев ҳама гуна иттиҳомоти мақомот дар баробари худро рад карда, гуфтааст, дар пайи шиканҷаи маъмурони пулиси Исфара маҷбур шуд, худро аз ошёнаи севум ба зер партояд. “Тоҷиев дар тӯли чиҳил дақиқаи сӯҳбат, ки мо доштем, борҳо такрор кард, ки ӯро заданд. Тӯли чанд шабонарӯз дар Шӯъбаи умури дохилии Исфара истинтоқ намуданд. Аъзои бадани ӯро бо латтаи тар печонда, аз болояш нерӯи барқро пайваст кардаанд, то изи он дар баданаш намонад”,-таъкид кард вакили мудофеъ.
Ахиран Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломӣ, бо ирсоли як нома аз Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон хост, то ба ин қазия расидагӣ кунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |