Раҳмон курсии вазири саноатро аз Гул Шералӣ гирифту ба Шавкат Бобоев дод

Гул Шералӣ, яке аз афроди наздик ба раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки ҳафт соли охир дар курсии вазири энержӣ ва саноат, ҳоло саноат ва технологияҳои нав, такя зада буд, аз мақомаш барканор гардид. Ин фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 21 ноябр содир шудааст.
Ҳамакнун ба ҷои ӯ Шавкат Бобоев омада, ки то ин дам ба ҳайси мудири Шӯъбаи саноат ва энержии Дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ кор мекард. Гул Шералӣ аз ҷумлаи вазирони тоҷик буд, ки ба далели камбуди нерӯи барқ борҳо дар сархати раоснаҳои дохилу хориҷ қарор гирифта, интиқод шунидааст. Вай 63 сол дорад ва дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон ба дунё омада, соли 1974 Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистонро хатм намудааст. Аз соли 1994 то 2001 раиси ноҳияи Данғари вилояти Хатлон ва аз соли 2001 то 2006 раиси Кумитаи амволи давлатӣ буд.
Гул Шералӣ моҳи декабри соли 2006 бо фармони Эмомалӣ Раҳмон ба курсии вазири энержӣ ва саноат, ҳоло саноат ва технологияҳои нав, такя зад. Ӯ бо орденҳои Исмоили Сомонӣ, дараҷаи 2 ва “Шараф”, қардрдонӣ шуда, корманди хидматнишондодаи Тоҷикистон мебошад. Соҳиби ҳафт фарзанд мебошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |