Шаҳрвандони Қазоқистонро дар Дубай ҳукми қатл таҳдид мекунад
Шаҳрвандони Қазоқистонро, ки 30 октябри соли равон дар Аморати муттаҳидаи Араб боздошт шуданд, ҳуқуми қатл таҳдид мекунад. Дар ин бора шабакаи телевизионии КТК хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, додситонии Дубай сокинони Уралскро дар куштор, тақаллуби молӣ ва таъсиси гуруҳи муташаккили ҷиноӣ муттаҳам мекунад. Прокуратураи генералии Қазоқистон дар мавриди истирдоди ин афрод ба Ватан бо мақомоти Дубай гуфтушунидро оғоз кардааст. Гуфта мешавад, ин масъала моҳи декабр дар Аморати муттаҳидаи Араб баррасӣ мешавад.
Ҷиноёте, ки шаҳрвандони Қазоқистон дар анҷоми он гумонбар мешаванд, дар Дубай хеле вазнин дониста мешавад ва муҷозоти он метавонад аз ҳабси абад то ҳукми қатл бошад.
Шаби 30 октябр пулиси Дубай 12 ва ба иттилои дигар 13 шаҳрванди Қазоқистонро боздошт кард. Ба иттилои расида, бештари ин афрод солҳо дар Дубай ба сар мебурдаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |