Даъвати наваскарон: Хатлону Бадахшону Душанбе нақшаро буд кардаанд
Вазорати дифои Тоҷикистон мегӯяд, нақшаи даъвати тирамоҳии наваскарон ба хизмати ҳарбӣ то имрӯз, 98,7% иҷро шудааст.
Фариддун Маҳмадалиев, сухангӯи Вазорати дифои кишвар, имрӯз, 21-уми ноябр, дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар 4 навоҳии пойтахт 100%, навоҳии тобеи ҷумҳурӣ-98% ва вилоятҳои Хатлону Бадахшон 100% иҷро гардидааст: “Дар вилояти Суғд бошад 95, 2%-и нақша иҷро шудааст».
Маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 1-уми октябр оғоз ёфта, то 30-юми ноябр идома меёбад. Фариддун Маҳмадалиев иброз дошт, ки ин навбат низ нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳарбӣ пеш аз муҳлат ба анҷом хоҳад расид.
Тибқи қонунгузории Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ шаҳрвандони синнусоли аз 18 то 27-сола, ки барои ба таъхир гузоштани хизмат ва ё озод шудан аз он ҳуқуқ надоранд, даъват карда мешаванд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |