Чоршанбе, 2 Апрел 2025
Посбони манзили Амонулло Ҳукуматулло: “Расул дар хона нест”

Хабарнигори “Озодагон” се рӯз пайиҳам ба нишоние, ки Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҳамчун манзили Расули Амонулло -- писари 16-солаи Амонулло Ҳукуматулло, раиси ширкати Роҳи оҳан, сабт кардааст, рафт. Аммо хидматкору посбони манзил гуфтаанд, дар хона касе нест ва намедонанд, Расулу волидонаш дар куҷоянду кай ба хона меоянд.
Хабарнигори мо мехост, аз наздик Расули Амонуллоро дида, ҷузъиёти садамаи шаби 9 октябрро аз забони худи ӯ бишнавад. Ин садама, ки дар маркази Душанбе иттифоқ уфтод, се нафарро кушта, се тани дигарро маҷруҳ кард. Мақомот дар аввал Асрор Ҳукумовро муттаҳами ин қазия эълон намуда, сипас, номи Расули 16-соларо ба забон оварданд. Аммо ҳоло Вазорати умури дохилӣ ба муқобили Умар Шарифов, як иштирокчии дигари ин садама, парвандаи ҷиноӣ боз карда, таҳти пайгард қарор додааст.
Алайҳи волидони Расули 16-сола танҳо барои “беэътиноӣ ва бемасъулиятӣ нисбат ба тарбияи фарзанди ноболиғашон” парвандаи маъмурӣ боз шуда, ба додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ирсол гардидааст. Хидматкор ва посбони манзили Амонулло Ҳукуматулло аслан дар ин бора ва худи Расули 16-сола ҳарфе гуфтан нахостанд. Онҳо гуфтанд, дар бораи ҷузъиёти ин ҳама ҳодиса хабаре надоранд ва кори онҳо танҳо нигоҳубини хона асту бас.
Пайдо кардани худи Амонулло Ҳукуматулло низ дар ҷои кораш мушкил шудааст. Баъзе мегӯянд, ӯ ба рухсатӣ баромадасту баъзеи дигар ҳам аз имзо шудани номаи истеъфояш хабар медиҳанд. Вале чунин сарусадо ҳанӯз расман тасдиқ нашуда, дар нахустин тағйироти кардӣ ва ҷойивазкуниҳо низ номи Амонулло Ҳукуматулло зикр нашудааст. Садамаи маргбори шаби 9 октябр дар ҷомеаи Тоҷикистон вокунишҳои мухталифро ба бор овард. Дар пайи эълони номи Расули 16-сола дар ин садама аксҳои мухталифи ӯ бо мошини БМВ-яш дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шуда, хабари ба Олмон фирор кардани ӯ низ паҳн гардид. Аммо Амонуллои Ҳукуматулло ин ҳамаро иттиҳоми сохтаву бофта номида ва гуфт, расонаҳо дар мавриди садамаи шаби 9 октябр ахбори беасос ва носанҷида нашр мекунанд. Дар ҳоле ки ба бовари ӯ Расул дар сари фармони мошин набуда, танҳо баъд аз парвози писараш ба Олмон аз ин ҳодиса дарак ёфтааст.
Ин дар ҳолест, ки рӯзи 20 ноябр Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар бинои Вазорати умури дохилӣ дар бораи ҷинояткории ҷавонон дар роҳҳои кишвар сухан гуфта, таъкид кард, ки сарфи назар аз фарзанди кӣ буданашон бояд онҳо дар назди қонун яксон ҷавоб гӯянд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |