Дар қаламрави Русия ҳудуди 7,5 ҳазор сомонаи экстремистӣ фаъол аст.
Ин нуқтаро Рашид Нургалиев, вазири умури дохилии Русия имрӯз зимни суханронӣ дар шаҳри Хабаровск изҳор дошт. Номбурда, ки дар ҷаласаи комиссияи байниидоравӣ оид ба муқобила бо экстремизм дар Русия сӯҳбат мекард, зарурати андешидани тамоми чораҳоро ҷиҳати маҳдуд кардани фаъолияти чунин сомонаҳо баён дошт.
«Мо аллакай ба қонун дар бораи ВАО тағирот ворид кардем, акнун дар ҳолатҳои ҷудогонае сомонаҳои интернетӣ ба ВАО алоқаманд хоҳанд буд», -афзуд вазир.
Нургалиев ҳамчунин илова намуд, ки васоити ахбори омма метавонанд, алайҳи экстремизм муборизаи беамон баранд. {jathumbnail off}
Мӯҳр