Боздошти дуздони эҳтимолии ноқилҳо дар Қумсангир
Мақомоти пулиси ноҳияи Қумсангир ноболиғон У,Н-и 16-сола ва А,М-и 15 –соларо боздошт кардаанд, ки дар дуздии ноқилҳо муттаҳам мешаванд.
Ба иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дастгиршудагон рӯзҳои 10 то 19-уми ноябри соли 2013 дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Панҷи ноҳияи Қумсангир, бо тариқи пинҳонӣ зиёда аз 500 метр кабели ҳавоиро, ки арзиши умумиашон 1175 сомониро ташкил медод, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ин дар ҳолест, ки Хадамоти алоқаи Тоҷикистон пайваста аз дуздии ноқилҳо нигаронӣ намуда, хисороти солонаро аз ин амалҳои номатлуб то садҳо ҳазор сомонӣ арзёбӣ мекунад. Масъулин мегӯянд, ноқилҳо аксаран ба хотири супурдан ба нуқтаҳои қабули оҳанпора дуздида мешаванд. Бо назардошти ин қаблан ҳукумат содироти оҳанпораро аз Тоҷикистон манъ намуда буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |