Ҷоми Ҷаҳон-2014: 32 тими миллӣ маълум шуд
Мунтахаби Уругвай ҳам ширкати худро дар Мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба футбол ё Ҷоми ҷаҳон дар соли 2014 таъмин кард.
Уругвай бозии ҷавобияшро бо Урдун мусовӣ - 0:0 кард ва ба ҶҶ роҳхат гирифт. Дар бозии аввал Уругвай 5:0 дастболо шуда буд.
Ба ин тартиб ҳамаи 32 тими миллӣ барои ширкат дар Ҷоми Ҷаҳон-2014 маълум гардид. Бразилия (мизбони мусобиқот), Аргентина, Колумбия, Чили, Эквадор, Гондурас, Австралия, Русия, Босния ва Гертсеговина, Англия, Фаронса, Юнон, Хорватия Коста-Рика, ИМА, Мексика, Эрон, Ҷумҳурии Корея, Ҷопон, Нигерия, Кот-д’Ивуар, Камерун, Гана, Алҷазоир, Белгия, Италия, Олмон, Ҳолланд, Швейтсария, Португалия, Уругвай ва қаҳрамони феълии ҷаҳон Испания иштирокчии МҚҶ хоҳанд буд, ки аз 12 июн то 13 июли соли 2014 дар Бразилия мегузарад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |