Тоҷикистон дар дуюмин намоишгоҳи байналмилалии китоби Озорбойҷон ширкат меварзад.
Ярмаркаи мазкур рӯзҳои 28-30 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Боку баргузор мешавад. Аз вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба «Озодагон» гуфтанд, ки чорабинии мазкур ба муносибати 20-умин солгарди истиқлолияти давлатии Озарбойҷон бахшида шудааст.
Ба иттилои манбаъ ҷониби Тоҷикистонро ҷиҳати ширкат дар намоишгоҳи байналмилалии китоб вазорати маданият ва сайёҳии Озарбойҷон, ки ташкилкунандаи чорабинии мазкур аст, даъват кардааст. Дар даъватномаи ҷониби Озорбойҷон гуфта мешавад, ки сденд ва дигар таҷҳизоти лозима барои намоишгоҳ ба ширкаткунандагон ройгон пешниҳод мегардад. {jathumbnail off}
Мӯҳр