Қавли фармондеҳи нави Горди Миллӣ ба Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 20-уми ноябр бо судури як фармон, полковник Бобоҷон Ҷамолзодаро, фармондеҳи Горди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин намуд.
Тибқи иттилои хадамоти матбуоти раисиҷумҳур Ҷамолзода дар ин мақом генерал-лейтенант Раҷабалӣ Раҳмоналиро, ки бо фармони дигари президент муовини аввали раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, сардори Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадӣ таъйин шуд, иваз намуд.
Ба иттилои манбаъ Эмомалӣ Раҳмон зимни муаррифии фармондеҳи нави Горди миллӣ саҳми Раҷабалӣ Раҳмоналиро дар таъмини суботу оромӣ ва ҳифзи кишвару халқи Тоҷикистон назаррас арзёбӣ намуда, гуфт, ки ӯ тайи солҳои роҳбариаш , аз 2004 то 2013-ум ба халқу Ватан содиқона хизмат намуд ва вазифаҳои бар дӯш гузоштаашро сарбаландона адо намуд.
Эмомалӣ Раҳмон ба фармондеҳи нави Горди миллӣ таъкид намуд, ки фаъолияти ибратбахши Раҳмоналӣ бояд барояш намуна бошад: “Бобоҷон Ҷамолзода ба Эмомалӣ Раҳмон қавл дод, ки содиқона ба халқу Ватан дар якҷоягӣ бо ҳайати шахсии Горди миллӣ хизмат мекунанд.”
Ҷамолзода соли 1976 таваллуд шуда, қабл аз таъйин шудан ба ин вазифа ба ҳайси командири бригадаи Горди миллӣ фаъолият намудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |