Чоршанбе, 2 Апрел 2025
Собиқ президенти Чин дар қатли ом муттаҳам мешавад

Яке аз додгоҳҳои Испания барои боздошти Стзян Стзэминя, раисиҷумҳури пешини Чин ва чанд тан аз мансабдорони собиқи ин кишвар фармонеро содир намудааст.
Ба иттилои расонаҳои хабарӣ, Стзян Стзэминя, Ли Пин, сарвазири собиқ, Стяо Ши Син, раҳбари расмии қувваҳои мусаллаҳи пулиси миллӣ ва дабири кулли Ҳизби комунисти ҳамон вақтаи ин кишвар дар қатли омми солҳои охири 80-уму аввали 90-ум дар Тибет муттаҳам мешаванд.
Манбаъ мегӯяд, парвандаи ҷиноӣ алайҳи ин сиёсатмадрони чинӣ баъд аз шикоят бурдани Кумитаи имдодрасон ва Бунёди хонаи Тибет ба додгоҳи мазкур боз шудааст. Ин дар ҳолест, ки мақомоти чинӣ ин қарори додгоҳи Испанияро мазҳака хонда гуфтаанд, ки ин як навъи дахолат ба умури дохилии кишварашон медонанд. Онҳо гуфтаанд, Чин Тибетро як ҷузъи ҷудонашавандаи худ медонад. Вале ба гуфтаи онҳо, сокинони Тибет ба ин эътироз дошта, гуфтаанд, сарзаминашон то ғасбкориҳои артиши Чин дар солҳои 50-ум озоду мустақил буд.
Стзян Стзэминя яке аз раисиҷумҳурони пешини Чин ба шумор меравад, ки аз соли 1989 то 2002 курсии раёсати ин кишварро дар ихтиёр дошт.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |