Фаронса ҳам роҳхати МҚҶ-2014-ро ба даст овард
Тими миллии Фаронса мунтахаби Украинаро мағлуб кард ва соҳиби роҳхат ба Мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон (МҚҶ)-2014 шуд.
Дар бозии ҷавобӣ футболбозони фаронсавӣ ба дарвозаи ҳариф 3 голи беҷавоб заданд. Бозии аввали ин ду даста 15 ноябр дар Украина баргузор шуд ва бо ҳисоби 2:0 ба фоидаи мизбонҳо анҷом ёфт.
Ба ҷуз аз фаронсавиҳо шаби гузашта ҳамчунин Португалия, Юнон, Хорватия ва Алҷазоир ҳам роҳхати МҚҶ-ро ба даст оварданд. Имрӯз иштирокчиёни охирини ин мусобиқот бар пайи анҷом додани бозиҳои ҷавобӣ маълум мешаванд. Зеландияи Нав бо Мексика ва Уругвай бо Урдун қувва хоҳанд озмуд. Ёдовар мешавем, дар бозии аввал Мексика бо ҳисоби 5:1 ва мунтахаби Уругвай бо ҳисоби 5:0 пирӯз шуда буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |