Ҳузури раисиҷумҳур дар намози ҷамоат ва худотарсии ӯ
Алмосбек Отамбоев, раиси ҷумҳурии Қирғизистон гуфтааст, пайравии ӯ аз исломи суннатӣ ба монанди рафтан ба масҷид ва ширкат дар намози ҷамоат аз ифротишавии ҷомеа нигоҳ медорад. Ин нуктаро ӯ дар як суҳбати ихтисосӣ бо бахши қирғизии Би-би-сӣ изҳор доштааст.
Гуфта мешавад, Отамбоев дар миёни раҳбарони кишварҳои Осиёи Миёна ягона нафарест, ки дар ҳузури омм намоз мегузорад. Зимнан, аз ӯ суол шуда, “дар ҳоле ки созмонҳои мухталифи ифротгаро барои ҷалби ҷавонон ба сафҳои худ талош мекунанд, ин кори Шумо ба зеҳнҳои ҷавонон чи таъсире хоҳад гузошт?”
Алмосбек Отамбоев дар посух гуфта, ки ин иқдом барои ҷавонон намунаи хубе хоҳад буд. “Агар раҳбари давлат фарди худотарс буда, шарофатмандона кор кунад, он вақт одамон ба ӯ пайравӣ мекунанд. Масалан, дар Миср ва Сурия миёни ифротгароён ва мардумони он кишвар мубориза идома дорад. Ҳатто дар кишварҳои ҳамсояи мо низ ифротгароён фаъол шудаанд. Дар кишвари мо ҳам чунин ҳодиса рух дода буд. Алайҳи ифротгароӣ танҳо тавассути мамнӯъсозӣ мубориза бурдан душвор аст. Масалан, дар Туркия нахуствазир дар намози ҷумъа ширкат мекунад. Дар натиҷа, дар Туркия гурӯҳҳои ифротгаройи мазҳабӣ нестанд. Дар мавриди Қирғизистон раҳбарони ғайримазҳабӣ ё дунявии пешин ба кишвар хидмати хубе накарданд. Ифротгароён дар 20 соли ахир зуҳур карданд. Агар раиси ҷумҳурӣ дар сафи аввали намозгузорон бошад, ӯ намуна хоҳад буд, ки ба кадом ҷараён бояд пайравӣ кард”.
Ӯ дар идома афзуда, ки ба хотири дарки Қуръони Карим бояд Инҷил ва Тавротро мутолиъа кард, зеро адёни насронию яҳудӣ қабл аз ислом зуҳур кардаанд. “Барои мусалмони воқеӣ будан бояд ҳамаи кутуби мазҳабиро қироат кард. Худи ман ин кутубро чор-панҷ маротиба хондам. Ба бовари ман, Ислом ин мазҳаби сулҳ ва тавозун аст”,-афзудааст ҷаноби Отамбоев.
Алмосбек Отамбоев соли 2011 ба курсии президентӣ нишаст.
Акс аз Би-би-сӣ
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |