Бахшҳо

Раҳмон баъзе вазорату хадамотро лағв карда, сохторҳои нав ташкил кард

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 19 ноябр бо ҳадафи такмили идоракунии давлатӣ ба низоми вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, кумитаҳо, хадамот, оҷонсиҳо ва саридораҳо тағйирот ворид намуда, баъзе ниҳодҳоро лағв ва баъзеи дигарро аз нав ташкил кард.

Дар фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон аз ҷумла омадааст:

1. Ба Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон чор муовин, аз ҷумла як муовини якум муқаррар карда шавад.

2. Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шавад.

Муқаррар карда шавад, ки вазифаҳои марбут ба саноат аз доираи ваколатҳои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон бароварда шуда, иҷрои вазифаҳои марбут ба пешбурди сиёсати об аз Вазорати мелиоратсия ва захираҳои об ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд.

3. Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.

Муқаррар карда шавад, ки вазифаҳои марбут ба саноат аз доираи ваколатҳои Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бароварда шуда, ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор мегарданд.

4. Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шавад.
Муқаррар карда шавад, ки вазифаҳои пешбурди сиёсати илм аз доираи ваколатҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бароварда шуда, ба Вазорати мазкур вогузор мегарданд.

5. Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шавад.

Муқаррар карда шавад, ки Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба низоми Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил карда мешавад.

6. Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шавад.

Муқаррар карда шавад, ки вазифаҳои марбут ба ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тобеияти идоравии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

7. Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барҳам дода шавад.

8. Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон номгузорӣ карда шавад.

9. Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон номгузорӣ карда шавад.

10. Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шавад.

11. Саридораи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кўҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кўҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шавад.

12. Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.

Муқаррар карда шавад, ки Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал ва шикори Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба низоми Агентии мазкур шомил карда мешавад.

13. Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.

Муқаррар карда шавад, ки вазифаҳои марбут ба беҳдошти замин ва обёрии Вазорати барҳамдодашудаи мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Агентии мазкур вогузор мегарданд.

14. Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шавад.

15. Бо мақсади пешбурди ислоҳот дар низоми идоракунии маҳал, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, мусоидат дар рушди баробари минтақаҳои кишвар Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.

16. Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шавад.

Эмомалӣ Раҳмон пеши ҳукумати Тоҷикистон вазифа гузоштааст, такмили сохтори мақомоти идоракунии давлатиро дар асоси фармони мазкур таъмин намояд: “Дар мўҳлати се моҳ сохтори дастгоҳи марказӣ, нақшаи идоракунӣ ва низомномаи вазорату идораҳои навтаъсис ва таҷдидшавандаро бо таъмини тақсимоти дақиқи вазифаҳо ва бартарафсозии такроршавии вазифа ва ваколатҳои мақомоти давлатӣ таҳия ва тасдиқ намояд. Масъалаҳои ташкилӣ, молиявӣ ва моддиеро, ки аз фармони мазкур бармеоянд, ҳал намояд."

Инчунин, бо фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон бисёре аз корхонаҳо ба тавозуни Вазорати саноату технологияи нав гузаронда мешаванд: “Баҳри тақвияти низоми ҳисоботдиҳӣ ва таъмини рушди босуботи соҳаҳои саноати кишвар ҷиҳати ба низоми Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид кардани корхонаҳои воҳиди давлатии «Востокредмет», «Тоҷиксемент», «Заря Востока», «Иттиҳодияи истеҳсолии «Тоҷиктекстилмаш», «Ҷамаст», ҷамъиятҳои саҳомии шакли кушодаи «Тоҷиктрансформатор», «Химзавод» ва мутобиқан ба корхонаҳои воҳиди давлатии «Фулузоти нодири Тоҷикистон», «Сементи Тоҷик», «Нури Ховар», «Коргоҳи машинасозӣ» ва ҷамъиятҳои саҳомии шакли кушодаи «Трансформатор», «Корхонаи кимиёвӣ» номгузорӣ кардани онҳо тадбирҳои зарурӣ андешида шавад.”

Эмомалӣ Раҳмон ба дастгоҳи раисиҷумҳур дастур додааст, дар якҷоягӣ бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон мутобиқи тартиби муқарраргардида қабулу супоридани биноҳои маъмурӣ, воситаҳои нақлиёт ва дигар воситаҳои асосию гардони вазорату идораҳои барҳамдодашуда ва навтаъсисро таъмин карда, ҷиҳати истифодабарии минбаъдаи онҳо лоиҳаҳои санадҳои дахлдорро таҳия ва ба ҳукумат пешниҳод намояд.
Мӯҳр
Мирзо аз Хучанд
Ин амалро ислохот намегуянд. Кишвар ба ислохоти чиддй ниёз дорад.

Точики Озод
Хамин аст магар ислохоташ?
Дар асл мо дигар ислохотхоро интизор будем!

хех ахмак кадестай халка ба инхел ислохоту тагироташ..шахматбозии зайли нав ном дорад!!! вой бар холи халки Точик !!!

Islohotxoh
Islhothoi intizori :

1. Konunhoi Amalkunanda oidi sarnavishti Presidenti JT darovarda shuda , bo rohi ra'ypursi islohot vorid karda shuda, muhlati president na ziyod az 1 karat to 7 sol boshad.

2. Konuguzorii Oidi rushdi sohibkorii xurdu miyona ta'ghir doda shuda , ba sohibkoron imtizyozhoi beshtar peshbini karda shavad .

3. Konuguzorii oidi Andoz va Gumruk sabuk karda shavad , va baroi dastgirii Sohibkoron

4. Kumitai Rushdi Sohibkorii Xurd Va Miyona va musoidati on nazdi presidenti JT tashil karda shavad.

5. Vazorati Maorif ba 2 kism judo karda shavad, Vazorati Maorifi va Vazorati Maorifi oli.

6. Kumitai Maxsus Imtihonoti Millii nazdi Presidenti Jumhurii Tojikiston tashkil karda shavad, va tamomi Imtihonoti Maktabhoi Oli ba zimmai in Kumita guzoshta shuda, dar musoidat bo VM faoliyat kunad.

7. Hukuki Molikiyati shaxsi peshbini karda shavad.

8. Kumitati Milli Nazdi Presidenti JT oidi kadrhoi balandixtisos tashkil karda shuda, ba tamomi soxtorho ba vositai in Kumita mutaxassison ba kor jalb karda shavand, va dar in ravand roh ba nepotism doda nashavad.

9. itd..... LIKE MONED :)

донишчу
…ако не ака гуфта шавад, бародар не биродар гуфта шавад… ин ислохот аст!

Ба Точики гуям галагов дохтани халк то мардум хит мекунанд ки як сол мегузарад !

Ба хар хол бояд, ки чизе нишон медоданд ва хамин тавр хам карданд. Хуб ин кори давлатдории кишвархои сеюм хамин тавр аст. Чои чамъшавандахоро иваз мекунанду, хосили чамъ хамон тавре ки буд, бе тагйир мемонад. Вале, суоли матрах ин чост, ки карзи кредитории Вазорати мелиоратсияро пас аз бархам додан, ки? мепардозад? Ё ин ки муфлисшавии(бонкрот) ин вазоратро ба хамин рох пушонидани хастанд, то зери танкиди шадид карор нагиранд...? Ба хар хол зери коса нимкоса аст, бе шубха гумони банда ба хакикат наздиктар аст.
Мирзо аз Хучанд,

Оё хамин хам ислохот шуд? Ба чои Гозималик Зогималик омадаст дар ин чо чи тагир меёбад. Бо иваз шудани чаъмшавандахо хосили чамъ тагир намеёбад. Вой бар холатон ....!!!

Дар ислохот илтимос ба назар бигиранд. Агар раиси Чумхуриро халк интихоб намуданд раиси вилоятхо ва раисони нохияхоро низ мардум интихоб намоянд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)