Бахшҳо

Барканорӣ ва мақомҳои нави Матлубхон Давлатов, Қодири Қосим ва Давлаталӣ Саидов

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури тозаинтихоби Тоҷикистон, рӯзи 19 ноябр бо судури як қатор фармонҳо дар ҳайати ҳукумат тағйирот ворид намуд.

Абдулфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи раисиҷумҳури Тоҷикистон, ба “Озодагон” гуфт, Матлубхон ДАВЛАТОВ -- ноиби аввали нахуствазир аз симматаш барканор шуда, ба ҷои ӯ Давлаталӣ САИДОВ, ки то ҳол раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ буд, омадааст. Матлубхон Давлатови 63-сола дар оғози соли 2012 ба ҳайси ноиби аввали нахуствазири Тоҷикистон таъин гардид. Вай то он замон мушовири раисиҷумҳур оид ба иқтисод буд.

Давлаталӣ Саидов, ки ҳамакнун ноиби аввали нахуствазири Тоҷикистон таъин шудааст, дар гузашта раёсати Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳиро бар уҳда дошта, муддате сафири Тоҷикистон дар Ҷопон буд. Вай соли 2009 бо фармони раисиҷумҳур ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ омад ва то ҳол яке аз ҷавонтарин аъзои ҳукумати Тоҷикистон дониста мешавад.

Рӯзи 19 ноябр бо фармони президент Қодири ҚОСИМ, ки то ҳол раиси вилояти Бадахшон буд, аз мақомаш барканор ва раҳбари Кумитаи давлатии сармоягузорӣ таъин шудааст. Ҷои ӯро дар мақоми раиси вилояти Бадахшон Шодихон ҶАМШЕДОВ ишғол кардааст, ки то кунун дар мақоми раиси ноҳияи Шуғнон буд.

Инчунин, ба гуфтаи Абдуфаттоҳ Шарифзода, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар бораи такмили сохтори мақомоти иҷроияи ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон фармон содир намудааст.
Мӯҳр
Милиса
Манбатон дуруг мега.

Мансаби нав бар ивази хиёнат бар мардуми шарифи Бадахшон, аз чумла Хоруг. Муборакашон шавад

Чиян ба чои таго))))))))))))))))))))))))

исмон
шашкабози, шахмат хам не! шашкабозиро кудак хам метавонад!

sadokat
чияну тагобози сар шуд - оянда торику тор аст бародарон

пр
lehir,
lehir,

чигари гапро гуфти ба чои дамка дама Рукия мешуда бошад? дар шашкабози бо хафт соли дига бо дипломи сурхи ДМТ навкари ба урусхо

озоди каментма бо удал наку чунки ту ям метарси аз хакакат гуфтан.

КОМРОНШОХ, ВАНЧ
СОБИРШО ХИЁНАТРО ШУМО ВА ШУМО БАРИН ШУРАНДОЗОН КАРДЕД. ДАР ПАС ГАП ЗАДАН ОСОН. ТО ОМАДАНИ КОДИРИ КОСИМ АЗ ДАСТИ ТУ БАРИН МАХАЛБОЗХО КАРИБ БУД КИ МАКТАБУ МАОРИФИ БАДАХШОН АЗ ЗАБОНИ ТОЧИКИ БЕНАСИБ ГАРДАД ВА ДАР НИХОДИ НАВРАСОНУ ЧАВОНОН ТУХМИ КИНАВУ АДОВАТ ВА БАХИЛИ ЭЪЧОД ШУДА БУД ХАМА НАРКОМАН ВА КАРТАБОЗ ШУДА БУДАНД АЛАЛХУСУС ХОРУГ БО ОМАДАНИ КОДИРИ КОСИМ ФАЗОИ ТОЧИКИЯТ БОЛО РАФТ ВИЛОЯТ РУШД КАРД СОХТМОНХО ПАЙДО ШУДАНД ВА АЗ ЧОНИБИ ХУКУМАТ МИЛЛИОНХО МАБЛАГ БАРОИ РУШДИ БАДАХШОН РАВОНА ШУД

БА КИРМОНШОХИ ВАНЧИ

БАЛЕ БАРОДАР ГУЁ ХОРУГ ОБОД ШУДУ, ВАНЧИ МО ХАМ МУТААСИФОНА БА ДАРВОЗ ТАБДИЛ ЁФТ.

Аслишох аз Маскав
Офарин Комроншохи ванчи, бори дигар камсаводиатро исбот карди. Агар мардуми шарифи Хоруг намебуд ту баринхо Ванчи пурганчро ба коми вахобия ва ХНИТ барвакт фуру медодед.

Мо бо ХНИТ будан фахрамон аст,лекин Косими дар раиси буданаш барои Ванч ягон дасти ёри дароз накард.Мардуми шариф бисёр орзуи нав кардани рохи мошингардро доштанд,ки аз солхои 80-уми асри гузашта то имруз танг ва канда шудаст..

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)