АКСУ ВИДЕО: Ташхиси дубораи ДНК ва ифшои тақаллубкории муфаттишони Зайд
Вакилони мудофеи Зайд Саидов, соҳибкор ва раҳбари зиндонии Тоҷикистони нав, мегӯянд, ташхиси дубораи ДНК-и нафари таҳти ҳимояташон дар Маскав нишон додааст, ки Саидов бо фарзанди зане, ки гӯиё мавриди таҷовузи ӯ қарор гирифтааст, ягон робитае надорад.
Шӯҳрат Қудратов, Фахриддин Зокиров ва Исҳоқ Табаров, вакилони Зайд Саидов, рӯзи 19 август бо баргузории нишасти хабарӣ гуфтанд, ахиран Исҳоқ Табаров мӯи сари зерҳимояашонро гирифта, дар Маскав ташхиси дубора гузарондааст. Худи оқои Табаров гуфт, “ташхиси дубора низ монанди ташхиси аввала дар ҳамон ташхисгоҳи “Био Папа” гузаронда шуд ва падарии Зайд Саидовро комилан рад намуд.”
Ба иттилои вакилони Зайд Саидов, масъулини ташхисгоҳ изҳор доштаанд, ки дар хулосаи аввалаашон низ ба мақомоти Тоҷикистон падарии Зайдро комилан рад намуда буданд. Дар ҳоле ки, ба гуфтаи вакилони мудофеъ, муфаттишони парвандаи Зайд Саидов аз номи “Био Папа” ба додгоҳ хулосаеро пешниҳод кардаанд, ки гӯиё падарии Зайдро ба фарзанди “ҷабрдида” тасдиқ мекунад.
Бо зикри ин, вакилони дифои Зайд гуфтанд, баъд аз нишасти матбуотӣ ба додситон муроҷиат намуда, талаб мекунанд, ки алайҳи муфаттишони парвандаи Зайд Саидов барои тақаллубкорӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз гардад. Муфаттишони Оҷонсии зидди фасод алайҳи Зайд Саидов ду парвандаи ҷиноии марбут ба таҷовуз ба номусро боз намуда, таъкид намудаанд, ки яке аз ҷабрдидагон аз Зайд Саидов фарзанд дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |