Дастури Убайдуллоев барои истиқболи Соли нави мелодӣ
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе, дар ҷаласаи васеи шаҳрдорӣ масъалаҳои мубрами пойтахти Тоҷикистонро ба баррасӣ гирифтааст.
Тибқи иттилои шаҳрдорӣ Убайдуллоев ба масъулини пойтахт дастур додааст, ки зимни татбиқи нақшаи нави генералӣ ба нақзи ҳуқуқи соҳибмулкон роҳ надиҳанд. Ин дар ҳолест, ки тибқи нақшаи генералӣ дар маркази Душанбе тахриби даҳҳо бино дар назар буда, сохтмони биноҳои навбунёд боздошта шудааст ва ин норозигии бархе аз соҳибмулконро ба бор овардааст.
Убайдуллоев инчунин нест кардани чорворо аз пойтахт хотиррасон карда, ба масъулин дастур додааст, нафароне, ки сарпечӣ мекунанд, муҷозот гарданд. Баробари ин раиси Душанбе таваҷҷуҳи роҳбарони сохторҳои хизматрасонии коммуналӣ, нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятӣ ва раисони ноҳияҳои шаҳрро ба санҷиши омодабошӣ ва барориши саривақтии техникаҳои коммуналии барфтозакунандаву намакпошӣ дар роҳҳо ҷалб карда, супориш додааст, ки аз натиҷаи он ба шаҳрдор маълумот пешниҳод карда шавад.
Шаҳрдорӣ мегӯяд, Убайдуллоев дар ҷаласа нисбати тарҳрезию омодагиҳои шаҳр ба Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон ва истиқбол аз Соли нави мелодӣ ба масъулин супоришҳо дод. Моро ҳамроҳӣ кунед: Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK) Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |