Бахшҳо
19 ноя 2013 09:18Тоҷикистон / Сиёсат

Зоиров барои далелҳои зидди КМИР ба Русия рафт

Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, субҳи имрӯз, 19-уми ноябр озими Русия шудааст.

Зоиров дар сафҳаи фейсбукияш ҳадафи сафарашро ба Русия ёрии ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон дар шаҳрҳои Калуга, Санкт-Петербург, Твер, Краснодар гуфта, таъкид мекунад, ки зимни ин сафар ҳамчунин вазъи воқеии иштироки муҳоҷирони тоҷикро дар интихоботи президентии 6-уми ноябр рӯшан хоҳад кард.

Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, ки 15-уми ноябр, ҳамчун интихобкунанда ба Додгоҳи Олӣ шикоят бурда, ҳифзи ҳуқуқҳои интихоботӣ ва беэътибору баргузорнашуда донистани интихоботи 6-уми ноябрро талаб кард, изҳор медорад, ки аризааш то ҳол ба баррасӣ гирифта нашудааст. Ба гуфтаи Зоиров то додгоҳ аризаашро қабул накунад, ӯ такрор ба такрор муроҷиатҳояшро идома хоҳад дод.

Раиси ҲСДТ таъкид мекунад, ки пешакӣ медонад, қарори Додгоҳи Олӣ, ба нафъи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон ҳал хоҳад шуд ва аризаи ӯ қонеъ нахоҳад гашт. Зоиров меафзояд, ки маҳз чунин қарори додгоҳро интизор аст, то тавонад дар сатҳи дигар ба ниҳодҳои дигар муроҷиат кунад.

Раиси ҲСДТ 15-уми ноябр ба Додгоҳи Олӣ муроҷиат карда, хост интихоботи президентии 6-уми ноябр баргузорнашуда эълон гардад, чун дар он ҳамагӣ ҳудуди 33 дарсади интихобкунандагон ширкат кардаанд. Ин дар ҳолест, ки КМИР интихоботи 6-уми ноябрро баргузоршуда эълон намуда, изҳор медорад, ки дар он беш аз 90 дарсади интихобкунандагон ширкат карда, Эмомалӣ Раҳмон бо дарёфти 84,2 дарсади овозҳо пирӯз шудааст.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Амирчон
Ин узбак гапи КМИР-а бовар накунад, гапи нозирони байналмиллалирам бовар намекунад? Хатто нозирони Аврупойи нагуфтанд, ки интихобот баргузор нашуд, пас ин катаган чй максад дорад, ки ин кадар игво меангезад? Ба фикри ман ин як PR-и худаш аст. ту барин "хукукшинос". Аз ин игвогарира ки рафта ягон зани бечорада адвокат шуда, бахри ситонидани алимент аз шавхарошон кумак расони?....

Чумакул
Рахмат ако худатро бехуда гам нате. Зури бехуда миён мешиканад.

janobi iks
Ahsant janobi Zoirov. baroi muboriza bahri ADOLATU HAQIQAT!!! ANA INRO MARDI GAMKHORI KHALQ MEGUYAND!

gapi ami zoiruf kadrham nadoradu maneham.tojikora devona xayol karda boz jang medozad.nametonen digar.hukumati mo bokuvvat va hushyor ast.

Ватандуст
Як чахон ташаккур, чаноби Зоиров, барои чунин талошу кушишхоятон барои пайдо кардани адолату хакикат. То он замоне ки дар чамъият адолату хакикат ва конунманди пойдор нагардад, хеч ба пеш намеравем ва хукуматамон хам хамон аз кадрхои бемасъулияти хонавода ва наздикони Рахмон иборат мондан мегирад...
Ба Амирчон: ту худат, ба назарам, аз фабрикаи чавоб хасти,чунки точики хакикиро узбак ва катаган мегуи. Кош Зоиров барин точикхо, ки дар гами мардуми точику дигар халкхои Ватанамон хастанд, зиёд мешуданду Точикистонро обод мекарданд. Ба фикрам, Амирчон, узбак ё катаган худи ту хасти, ки фарзанди мубориз ва адолатпарасти миллатро узбаку катаган мегуи. Ё агар точик хам боши , точики хушомадгуй хастию хеч хакикатро дидан наметавони ва хамеша сиёхро сафед мегуи...Ин худ як чизи маълум аст, ки модом, ки кариб 2 миллион мухочир дар Росия ва дигар мамлакатхо бошанд, дар ду дунё хам дар интихобот 90 просент мардум иштирок карда наметавонанд. Ин хама дуруги калон ва доимии хукумат ва Комиссияи марказии интихобот аст...

КИРМОНШОХ, ВАНЧ
ДАР РОССИЯ РАФТА БГУ КИ МАН ЯК САГИ БАХ БАХИ ТОЧИКИСТОНАМ ХАРЧАНД КИ ЧАКИДАМ КАСЕ ГАПАМА НАГИРИФТ. ШУРУ ВАЛВАЛАРО ДАР ВАТАН АНДОХТАН НАТАВОНИСТАМ. МАРДУМ БА РОХИ ФИРЕБУ МАКРХОИ МАН НАРАФТ. АЗ ПЕШВОИ МИЛЛИАШ ДАСТГИРИ КАРД. АНА БАЪД МЕГАНТ КИ ХУБТ ШИДАЙ БАЧАЧОНЕ ОЛИ БРА ХОВТА БО ОВ БГУ ))))))))))))))))))

Амирчон, ту холо хеле кудаки нофахми! Ин марди майдонро, ки хаёл мекуни узбек аст, лек аз ун лаганбардорони Рахмонат хам сад маротиба дилсузтари халки азияткашидаи точик аст! Барои у хеч чиз лозим нест, вагарна чони худро зери хавфу хатар гузошта, ин кадар суханхои дилсузонаро нисбати халки ту намегуяд! Нотарсиву далелии Зойиров ин фахру ифтихори мо точикон аст, ки гарчанде аз Узбекистон бошад, хам мисли Садриддин Айниву Исмоили Сомони, ки зодагони точикзаминанд, бо ноадолатихои Рахмонат дар кишвар мубориза бурда истодааст. Ахсанташ! Агар у хакикатро намегуяду намегуфт, аллакай аз дасти чаллобону каллобони Бобои Рахмонат сарашро "мехурд"! У хак аст, ки Рахмонату Хукуматаш ба у чизе намегуянд, 2-3 нафари дигар мисли Зоиров пайдо шавад, иншооллох Точикистон аз дасти ин хукуматдорони миллат ру ба озоди менихаду мешукуфад!







Амирчон,
Амирчон,
Амирчон,
Амирчон,
Амирчон,
Амирчон,
Амирчон,
Амирчон,
Амирчон,
Амирчон,
КИРМОНШОХ, ВАНЧ,
КИРМОНШОХ, ВАНЧ,
КИРМОНШОХ, ВАНЧ,
КИРМОНШОХ, ВАНЧ,
КИРМОНШОХ, ВАНЧ,
КИРМОНШОХ, ВАНЧ,
КИРМОНШОХ, ВАНЧ,
КИРМОНШОХ, ВАНЧ,

Гузаронд ку! Зоируф дар кадом сол хукматда кор кмардай? Низнмхон ЧУРАЕВ КАТИ ХАМКОРИ НАКАРДАСТ ЯГОН ВАКТ?

. . .انه غیرتآه کبیری همه را فریب کردی با آن بابانظر راوات

. . .انه غیرتآه کبیری همه را فریب کردی با آن بابانظر راوات

о Кабири хамаро фиреб карди бо он Бобоназароват. Ана инро гайрат менвянд.

Инчо кариб хама аз "фабрикаи чавоб"-ку. Зоиров ба пеш!!!

(Барои у хеч чиз лозим нест, вагарна чони худро зери хавфу хатар гузошта, ин кадар суханхои дилсузонаро нисбати халки ту намегуяд!) мо нафахмидем ин одам Сурия рафтестай ки чони худро дар хавфу хатар мемона, лекин як саволи дигар рузхои чанги шахрванди дар кучо буд ки имруз овоз баланд мекуна.

Илтимос, калуку,кунгуроту, бесохибу,бадаргаевичо миллатчиги накнен. Дилу гурда даркорай, мисли ин инсон гапу кора бурданда.

КИРМОНШОХ, ВАНЧ,
eeee ofarin kirmonshoh-joni suxana gufti barodar.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)