Аҳолии Қазоқистон босуръат зиёд мешавад
Теъдоди аҳолӣ дар Қазоқистон то 1 октябри соли 2013 17,098 миллион нафарро ташкил додааст. Дар қиёс ба 1 сентябри соли 2012 аҳолӣ ба 242 ҳазор нафар зиёд шудааст.
Ба иттилои торнамои Total.kz 55 дар сад (9,4 миллион)-и аҳолӣ дар шаҳр ва 7,7 миллион дар деҳот ба сар мебаранд.
Давоми нуҳ моҳи соли равон 293,3 ҳазор мавриди таваллуд ба қайд гирифта шудааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли сипаришуда 1,6 дар сад бештар будааст.
Теъдоди маргу мир давоми моҳҳои январ-сентябр 103,4 ҳазор гуфта мешавад, ки 4 фисад камтар аз соли 2012 мебошад.
Давоми моҳҳои январ-сентябри соли 2013 дар Қазоқистон 3327 кӯдаки то яксола фавтидааст. Ин рақам дар соли 2012 3995 будааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |