Боздошти Эшони Оятуллоҳ ва орзуи барбодрафтаи сокинон

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон як сокини кишвар, маъруф ба Эшони Оятуллоҳро ба иттиҳоми фиребгарию тақаллубкорӣ боздошт кардааст.
Ин ниҳод мегӯяд, Оятуллоҳ Саидов, маъруф ба Эшони Оятуллоҳ дар ситонидани маблағ бо роҳи фиреб аз шаҳрвандони қасди зиёрати Хонаи Худо дошта муттаҳам мешавад. Ба гуфтаи мақомот, ин сокини кишвар худро писари роҳбалад ба зиёрати Хонаи Худо гуфта, ба мардум ваъда медодааст, онҳоро ба ҳаҷ мефиристад. Вале баъд аз гирифтани маблағ ва шиносномаҳо то як муддат ғайб мезанад.
Вазорати умури дохилии кишвар мегӯяд, ҳоло бар асоси шикоятҳои нафарони ҷабрдида, маълум карда шудааст, ки Эшони Оятуллоҳ аз Зубаралӣ Хайруллоев 4 ҳазору 100 доллар, аз Исломбек Камбаров 8 ҳазору 900 доллар, аз Ҳисорӣ Саломов ва Маҳмадюсуф Ҷӯраев 8 ҳазор 200 доллар гирифта, ба онҳо қавл додааст, ки имсол ба зиёрати Хонаи Худо мушарраф хоҳанд шуд.
Зубаралӣ Хайруллоев, яке аз нафарони қасди зиёрати Каъба дошта мегӯяд, эшон ба хонаи ҳамсояи ӯ омадаа гуфтааст, падари ман роҳбалад аст ва шаҳрвандонро ба Арабистони Саудӣ ба зиёрати Хонаи Худо мебарад. Ин сокинони фиребхӯрдаи кишвар мегӯянд, дар ҳоле аз “ҳиллаву найранг”-и Эшони Оятуллоҳ огоҳ шудаанд, ки маросими сафарбаркунии зоирини тоҷик ба Арабистони Саудӣ поён ёфт. Ҳисорӣ Саломов, ҷабрдидаи дигари ин қазия мегӯяд, “ҳангоме ки ҳамаи ҳоҷиҳо ба Арабистони Саудӣ парвоз карданду мо мондем, назди Эшони Оятуллоҳ рафта, асли қазияро пурсидем. Ӯ баъд аз узрхоҳии зиёд гуфт, пулҳоятонро баргардонида медиҳам. Аммо ҳанӯз на шиносномаҳои хешро дидаему на пулро.”
Бобои Раҷаб, яке аз пиронсолони дигари тоҷик, ки бовар дошт, Эшони Оятуллоҳ ӯро ба зиёрати Хонаи Худо мефиристад, илова кард, ки ҳарчанд ба суханони Эшони Оятуллоҳ дар мавриди бозпас гирифтани маблағаш бовар намекунад, вале дигар чорае низ ҷуз эътимод кардан надорад: “Чун чӣ кор кунем, ба куҷо ва ба кӣ бовар кунем?”
Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, шаҳрвандони дигари Тоҷикистон, ки мавриди ҳиллагарии Эшони Оятуллоҳ қарор гирифтаанд, метавонанд, ба шуъбаҳои корҳои дохилии худ муроҷиат кунанд. Иштирок дар маросими “Ҳаҷ” барои шаҳрвандони Тоҷикистон ба як мушкили умда табдил ёфтааст. Аз сабаби норасоии квота барои иштирок дар ин маросим бархе аз сокинони кишвар маҷбур мешаванд, то бо роҳҳои дигар ба Арабистони Саудӣ сафар намоянд ва ё ба ин гуна “эшонҳои роҳбалад” бовар кунанд.
Ҳарчанд Арабистони Саудӣ ҳар сол барои шаҳрвандони Тоҷикистон ҳудуди 6 ҳазор квота ҷудо менамояд. Вале бояд гуфт, ки ин нишондод ҳанӯз ҳам барои атбои 8-миллионаи Тоҷикистон кам эҳсос мешавад. Ҳаҷ аз ҷумлаи аркони панҷгонаи дини мубини Ислом аст, ки барои ҳар мусалмони ба балоғатрасида ва тавоно фарз мебошад. Имсол аз Тоҷикистон ҳудуди шаш ҳазору 300 нафар барои зиёрати Хонаи Худо ба Макка сафар карда буданд.
Пардохти маблағи ҳаҷҷи имсола 17 ҳазору 625 сомониро ташкил медиҳад ва ба ин хизматрасониҳо пули чипта ё билети ҳавопаймо (рафту бозгашт), маблағи авоид, иҷораи меҳмонхона дар шаҳрҳои Маккаву Мадина, се бор ғизо дар як рӯз, хидмати роҳбаладон, кумаки аввалияи тиббӣ, эмгузаронӣ зидди касалиҳои сирояткунанда, ҷузвдон, либос ва ғайраҳо шомиланд.Моро ҳамроҳӣ кунед: Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK) Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |