Нооромии солҳои 90-уми Тоҷикистон аз дурбини "Лента Ру"
Тоҷикистон 20 сол қабл дар як вазъияти хунин ё аниқтараш ҷанги шаҳрвандии дохилӣ рӯбарӯ шуда буд.
Ин ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон дар солҳои 90-ум хунинтарин нооромӣ дар қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба шумор меравад. Дар пайи задухӯрди мусаллаҳонаи иштирокчиёни ҷанги мазкур ҳазорҳо мардуми осоишта ба ҳалокат ва садҳо ҳазор тани дигар ба кишварҳои хориҷ муҳоҷир шуданд.
Ҳарчанд шиддати ин задухурдҳои мусаллаҳонаи 20 соли қабл баъд аз як муддат поин шуд, вале даргириҳои алоҳида миёни гуруҳҳои ду ҷониб то соли 1997 идома ёфт. Тоҷикистон дар пайи ин нооромии худ ба маблағи миллиардҳо доллари амрикоӣ хисорот дидааст, ки ҳанӯз ҳам эҳсос мешаванд. Торнамои русии “Лента Ру” аз вазъу шароити мардуми тоҷик дар ин давра як гузориши тасвириеро ба табъ расонидааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |